Ҷанги ситораҳ бо Блокҳо - Соати рамз: Муаррифӣ
-
0:01 - 0:04Хуш омадед ба Соати рамз...
-
0:14 - 0:20Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва".
-
0:20 - 0:28Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8 кор мекунед. Қаҳрамони BB-8 дройди куравӣ мебошад. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате,
-
0:28 - 0:35ки он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз
-
0:35 - 0:41саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ
-
0:41 - 0:45барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд.
-
0:45 - 0:52Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ
-
0:52 - 0:57ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам
-
0:57 - 1:03то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур
-
1:03 - 1:09ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо
-
1:09 - 1:14асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ
-
1:14 - 1:17аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро
-
1:17 - 1:23кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад
-
1:23 - 1:28ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад.
Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои -
1:28 - 1:32бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои
-
1:32 - 1:37бозӣ навишта мешаванд. Ин фазои миёна қуттии абзорҳо мебошад, ва ҳар як блок фармоне мебошад, ки
-
1:37 - 1:42BB-8 мефаҳмад ва метавонад иҷро намояд. Фазои сафед аз тарафи рост фазои корӣ номида мешавад
-
1:42 - 1:45ва мо дар ин фазои сафед барномаи моро месозем.
-
1:45 - 1:52Агар ман блоки "moveLeft" ба фазои кории мо кашида, ҷойгир кунам, чӣ мешавад? BB-8 дар фазои мо ба масофаи як блок
-
1:52 - 1:57ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Чӣ кунам, агар хоҳам, ки BB-8 баъд аз иҷро кардани блоки ҳаракати чап чизе дигар иҷро намояд?
-
1:57 - 2:02Ман метавонам блоки дигареро ба барномаи мо илова кунам. Ҳозир ман блоки moveUp-ро интихоб мекунам ва онро кашида, дар зери
-
2:02 - 2:06блоки moveLeft то пайдоиши таъсири равшанӣ ҷойгир кунам. Баъд аз ҷойгир кардани блок, ду блок часпонида мешаванд.
-
2:06 - 2:11Вақте ки ман тугмаи "Иҷро кардан"-ро аз нав пахш мекунам, дройди BB-8 фармонҳоеро, ки мо дар фазои корӣ
-
2:11 - 2:16аз боло ба поён часпондем, иҷро мекунад. Агар шумо хоҳед, ки ягон блокро нест кунед, шумо метавонед онро аз силсила тоза кунед
-
2:16 - 2:21ва ба қуттии абзорҳо кашида, баргардонед. Бадъ аз иҷро кардани фармонҳо, шумо ҳамеша метавонед тугмаи "Бозсозӣ"-ро
-
2:21 - 2:28пахш карда, дройди BB-8-ро ба оғоз гардонед. Акнун, биёед дройди моро ҳаракат кунем!
- Title:
- Ҷанги ситораҳ бо Блокҳо - Соати рамз: Муаррифӣ
- Description:
-
Омӯзиши худро дар http://code.org/ оғоз намоед
Бо мо дар тамос шавед!
• дар Twitter https://twitter.com/codeorg
• дар Facebook https://www.facebook.com/Code.org
• дар Instagram https://instagram.com/codeorg
• дар Tumblr https://blog.code.org
• дар LinkedIn https://www.linkedin.com/company/code-org
• дар Google+ https://google.com/+codeorg - Video Language:
- English
- Team:
- Code.org
- Project:
- Hour of Code
- Duration:
- 02:40
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction | ||
Victor Ibragimov edited Tajik subtitles for Star Wars with Blockly - Hour of Code: Introduction |