< Return to Video

Ҷанги ситораҳ бо Блокҳо - Соати рамз: Муаррифӣ

  • 0:01 - 0:04
    Хуш омадед ба Соати рамз...
  • 0:14 - 0:20
    Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва".
  • 0:20 - 0:28
    Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8 кор мекунед. Қаҳрамони BB-8 дройди куравӣ мебошад. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате,
  • 0:28 - 0:35
    ки он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз
  • 0:35 - 0:41
    саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ
  • 0:41 - 0:45
    барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд.
  • 0:45 - 0:52
    Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ
  • 0:52 - 0:57
    ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам
  • 0:57 - 1:03
    то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур
  • 1:03 - 1:09
    ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо
  • 1:09 - 1:14
    асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ
  • 1:14 - 1:17
    аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро
  • 1:17 - 1:23
    кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад
  • 1:23 - 1:28
    ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад.
    Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои
  • 1:28 - 1:32
    бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои
  • 1:32 - 1:37
    бозӣ навишта мешаванд. Ин фазои миёна қуттии абзорҳо мебошад, ва ҳар як блок фармоне мебошад, ки
  • 1:37 - 1:42
    BB-8 мефаҳмад ва метавонад иҷро намояд. Фазои сафед аз тарафи рост фазои корӣ номида мешавад
  • 1:42 - 1:45
    ва мо дар ин фазои сафед барномаи моро месозем.
  • 1:45 - 1:52
    Агар ман блоки "moveLeft" ба фазои кории мо кашида, ҷойгир кунам, чӣ мешавад? BB-8 дар фазои мо ба масофаи як блок
  • 1:52 - 1:57
    ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Чӣ кунам, агар хоҳам, ки BB-8 баъд аз иҷро кардани блоки ҳаракати чап чизе дигар иҷро намояд?
  • 1:57 - 2:02
    Ман метавонам блоки дигареро ба барномаи мо илова кунам. Ҳозир ман блоки moveUp-ро интихоб мекунам ва онро кашида, дар зери
  • 2:02 - 2:06
    блоки moveLeft то пайдоиши таъсири равшанӣ ҷойгир кунам. Баъд аз ҷойгир кардани блок, ду блок часпонида мешаванд.
  • 2:06 - 2:11
    Вақте ки ман тугмаи "Иҷро кардан"-ро аз нав пахш мекунам, дройди BB-8 фармонҳоеро, ки мо дар фазои корӣ
  • 2:11 - 2:16
    аз боло ба поён часпондем, иҷро мекунад. Агар шумо хоҳед, ки ягон блокро нест кунед, шумо метавонед онро аз силсила тоза кунед
  • 2:16 - 2:21
    ва ба қуттии абзорҳо кашида, баргардонед. Бадъ аз иҷро кардани фармонҳо, шумо ҳамеша метавонед тугмаи "Бозсозӣ"-ро
  • 2:21 - 2:28
    пахш карда, дройди BB-8-ро ба оғоз гардонед. Акнун, биёед дройди моро ҳаракат кунем!
Title:
Ҷанги ситораҳ бо Блокҳо - Соати рамз: Муаррифӣ
Description:

Омӯзиши худро дар http://code.org/ оғоз намоед

Бо мо дар тамос шавед!
• дар Twitter https://twitter.com/codeorg
• дар Facebook https://www.facebook.com/Code.org
• дар Instagram https://instagram.com/codeorg
• дар Tumblr https://blog.code.org
• дар LinkedIn https://www.linkedin.com/company/code-org
• дар Google+ https://google.com/+codeorg

more » « less
Video Language:
English
Team:
Code.org
Project:
Hour of Code
Duration:
02:40

Tajik subtitles

Revisions Compare revisions