-
Хуш омадед ба Соати рамз...
-
Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва".
-
Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8. BB-8, ки дройди куравӣ мебошад, кор мекунед. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате, ки
-
он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз
-
саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ
-
барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд.
-
Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ
-
ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам
-
то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур
-
ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо
-
асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ
-
аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро
-
кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад
-
ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад.
Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои
-
бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои бозӣ
-
навишта мешаванд.
-
-
-
-
-
-
-
-
-
-