WEBVTT 00:00:01.280 --> 00:00:03.940 Хуш омадед ба Соати рамз... 00:00:14.070 --> 00:00:20.470 Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва". 00:00:20.470 --> 00:00:27.910 Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8 кор мекунед. Қаҳрамони BB-8 дройди куравӣ мебошад. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате, 00:00:27.910 --> 00:00:34.830 ки он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз 00:00:34.830 --> 00:00:41.220 саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ 00:00:41.220 --> 00:00:45.290 барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд. 00:00:45.290 --> 00:00:51.899 Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ 00:00:51.899 --> 00:00:57.340 ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам 00:00:57.340 --> 00:01:03.289 то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур 00:01:03.289 --> 00:01:08.630 ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо 00:01:08.630 --> 00:01:13.679 асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ 00:01:13.679 --> 00:01:17.240 аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро 00:01:17.240 --> 00:01:23.200 кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад 00:01:23.200 --> 00:01:27.700 ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад. Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои 00:01:27.700 --> 00:01:32.259 бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои 00:01:32.259 --> 00:01:37.259 бозӣ навишта мешаванд. Ин фазои миёна қуттии абзорҳо мебошад, ва ҳар як блок фармоне мебошад, ки 00:01:37.259 --> 00:01:42.009 BB-8 мефаҳмад ва метавонад иҷро намояд. Фазои сафед аз тарафи рост фазои корӣ номида мешавад 00:01:42.009 --> 00:01:44.649 ва мо дар ин фазои сафед барномаи моро месозем. 00:01:44.649 --> 00:01:51.860 Агар ман блоки "moveLeft" ба фазои кории мо кашида, ҷойгир кунам, чӣ мешавад? BB-8 дар фазои мо ба масофаи як блок 00:01:51.860 --> 00:01:56.990 ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Чӣ кунам, агар хоҳам, ки BB-8 баъд аз иҷро кардани блоки ҳаракати чап чизе дигар иҷро намояд? 00:01:56.990 --> 00:02:02.280 Ман метавонам блоки дигареро ба барномаи мо илова кунам. Ҳозир ман блоки moveUp-ро интихоб мекунам ва онро кашида, дар зери 00:02:02.280 --> 00:02:06.180 блоки moveLeft то пайдоиши таъсири равшанӣ ҷойгир кунам. Баъд аз ҷойгир кардани блок, ду блок часпонида мешаванд. 00:02:06.180 --> 00:02:10.549 Вақте ки ман тугмаи "Иҷро кардан"-ро аз нав пахш мекунам, дройди BB-8 фармонҳоеро, ки мо дар фазои корӣ 00:02:10.549 --> 00:02:15.989 аз боло ба поён часпондем, иҷро мекунад. Агар шумо хоҳед, ки ягон блокро нест кунед, шумо метавонед онро аз силсила тоза кунед 00:02:15.989 --> 00:02:20.560 ва ба қуттии абзорҳо кашида, баргардонед. Бадъ аз иҷро кардани фармонҳо, шумо ҳамеша метавонед тугмаи "Бозсозӣ"-ро 00:02:20.580 --> 00:02:27.600 пахш карда, дройди BB-8-ро ба оғоз гардонед. Акнун, биёед дройди моро ҳаракат кунем!