-
Хуш омадед ба Соати рамз...
-
Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва".
-
Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8. Қаҳрамони BB-8, ки дройди куравӣ мебошад, кор мекунед. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате,
-
ки он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз
-
саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ
-
барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд.
-
Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ
-
ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам
-
то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур
-
ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо
-
асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ
-
аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро
-
кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад
-
ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад.
Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои
-
бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои
-
бозӣ навишта мешаванд. Ин фазои миёна қуттии абзорҳо мебошад, ва ҳар як блок фармоне мебошад, ки
-
BB-8 мефаҳмад ва метавонад иҷро намояд. Фазои сафед аз тарафи рост фазои корӣ номида мешавад
-
ва мо дар ин фазои сафед барномаи моро месозем.
-
Агар ман блоки "moveLeft" ба фазои кории мо кашида, ҷойгир кунам, чӣ мешавад? BB-8 дар фазои мо ба масофаи як блок
-
ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Чӣ кунам, агар хоҳам, ки BB-8 баъд аз иҷро кардани блоки ҳаракати чап чизе дигар иҷро намояд?
-
Ман метавонам блоки дигареро ба барномаи мо илова кунам. Ҳозир ман блоки moveUp-ро интихоб мекунам ва онро кашида, дар зери
-
блоки moveLeft то пайдоиши таъсири равшанӣ ҷойгир кунам. Баъд аз ҷойгир кардани блок, ду блок часпонида мешаванд.
-
Вақте ки ман тугмаи "Иҷро кардан"-ро аз нав пахш мекунам, дройди BB-8 фармонҳоеро, ки мо дар фазои корӣ
-
аз боло ба поён часпондем, иҷро мекунад. Агар шумо хоҳед, ки ягон блокро нест кунед, шумо метавонед онро аз силсила тоза кунед
-
ва ба қуттии абзорҳо кашида, баргардонед.
-