< Return to Video

Бархӯрди ҷаҳолатҳо | Шафиқ Виранӣ | TEDxUTSC

  • 0:14 - 0:16
    Ман барои омадан ба конфронси TED
    парвоз доштам
  • 0:16 - 0:18
    ва вақте ки дар фурудгоҳ мунтазир будам
  • 0:18 - 0:21
    тасодуфан бо яке аз дӯстони оилаамон ки
    ӯро солҳо надида будам вохурдам.
  • 0:21 - 0:23
    Мо ӯро амаки Анвар садо мезанем.
  • 0:23 - 0:27
    Сураташ ба Бобур, қаҳрамони

    филми мазҳакавии Конодоӣ, монанд аст
  • 0:27 - 0:28
    "Масҷиди хурд дар чаманзор"
  • 0:28 - 0:29
    (Садои ханда)
  • 0:29 - 0:32
    Ӯ пушидани "курта-поҷомаи" анъанавии
    худашро дӯст медорад,
  • 0:32 - 0:37
    бо ифтихор риш мегузорад ва лаҳҷаи
    бисёр ширини покистонӣ дорад.
  • 0:37 - 0:39
    Ӯ ба тарафи ман омад ва
    маро ба оғӯш гирифта
  • 0:39 - 0:43
    пурсид: "Ҳолат чӣ тавр?
    Ин рӯзҳо чӣ кор дорӣ?"
  • 0:43 - 0:46
    Ман ба ӯ гуфтам ки профессори
    мутолиоти исломӣ шудам
  • 0:46 - 0:50
    ва хеле банд ҳастам бо сафарҳо

    ба атрофи гуногун ва
  • 0:50 - 0:52
    бо ҳадафи мардумро ба Ислом
    шинос намудан суханронӣ мекунам
  • 0:52 - 0:55
    махсусан баъди воқеаи ёздаҳ сентябр (9/11)
  • 0:56 - 0:58
    Ӯ чашмонашро мустақиман ба ман дӯхт
    ва гуфт:
  • 0:58 - 1:01
    "Дар бораи ёздаҳ сентябр (9/11)
    бо ман гап назан!
  • 1:01 - 1:06
    Ҳама ҷо ба ман нигоҳ мекунанд мисле ки
    ман ҳам даст андар воқеъаи 9/11 доштаам.
  • 1:06 - 1:10
    Ман ва ёздаҳ сентябр (9/11)?
  • 1:10 - 1:13
    Ҳафт ёздаҳ (7-ёздаҳ)? Шояд!
    Аммо, ёздаҳ сентябр (9/11)? Ҳеҷ!"
  • 1:13 - 1:16
    (Ханда ва карсак) {7-11 номи

    мағозаҳои машҳури байналмиллалӣ аст.}
  • 1:16 - 1:18
    Тавре ки ба амаки Анвар ҳам гуфтам,
  • 1:18 - 1:21
    ман барои суханронӣ сафарҳои бисёр кардаам
  • 1:21 - 1:23
    Яке аз ин суханрониҳо дар
    Бошгоҳи Миллии Матбуот буд
  • 1:23 - 1:28
    Дар он замон, моддаи "ДҲМ"
    мавзӯи доғе буд.
  • 1:28 - 1:32
    Дар асл, дар Идаҳо 86% (фоизи) онҳое
    ки пурсида шуданд,
  • 1:32 - 1:35
    хоҳони манъи ин модда буданд.
  • 1:35 - 1:39
    Ҳоло ман мехоҳам як силсила далелҳои
    муҳимро дар бораи ин модда ба шумо бигӯям
  • 1:39 - 1:41
    ва сипас фикри шуморо бипурсам.
  • 1:41 - 1:43
    Тамоми воқеъатҳое ки мехоҳам
    ба шумо бигӯям
  • 1:43 - 1:47
    дар маҷаллаҳои муътабари илмӣ
    низ нашр шуда
  • 1:47 - 1:50
    аз тарафи олимони беҳтарини
  • 1:50 - 1:53
    Ҳарвард, Донишгоҳи Торонто ва
    Донишгоҳи Оксфорд тасдиқ шудаанд.
  • 1:54 - 1:59
    ДҲМ беранг, бебӯй ва бидуни мазза аст.
  • 1:59 - 2:05
    Муддати дароз дар ДҲМи ҷомид будан ба боф-
    таҳои бадани инсон зарари ҷиддӣ мерасонад
  • 2:06 - 2:11
    Аворизи истеъмоли ДҲМ шомил аз
    арақ ва идрор аз ҳад зиёд кардан,
  • 2:11 - 2:17
    эҳсоси нахф, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва
    номутавозунии иликтрулити бадан аст.
  • 2:18 - 2:24
    ДҲМ дар омосҳои хориҷ шуда аз беморони
    саратон низ ёфт шуда аст.
  • 2:25 - 2:27
    Истиншоқи тасодуфии ДҲМ
  • 2:27 - 2:31
    сабаби сеюми марги ғайричашмдошт
    дар саросари ҷаҳон аст,
  • 2:31 - 2:34
    ки ба қариб 400 ҳазор касро
    ҳамасола мекушад.
  • 2:34 - 2:38
    Ин бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии
    тандурустӣ аст.
  • 2:39 - 2:41
    Барои онҳое ки ба ин модда вобастаанд,
  • 2:41 - 2:45
    набудани дастрасӣ ба ДҲМ
    маънои маргро дорад.
  • 2:46 - 2:53
    Бо ин маълумот, чанд нафар аз шумо иҷозат

    хоҳед дод ки ДҲМ озодона дастрас бошад?
  • 2:55 - 2:57
    Қариб ҳеҷ кас.
  • 2:57 - 2:59
    Шумо дар ин бора ҳамфикред бо одамоне ки
  • 2:59 - 3:02
    ман бо онҳо дар Бошгоҳи Миллии Матбуот
    суҳбат карда будам.
  • 3:02 - 3:04
    Биёед ман ба шумо каме бештар
    дар бораи ДҲМ бигӯям
  • 3:04 - 3:07
    ДҲМ ди-ҳидружин моноксид
    (дигидрогена монооксид) аст.
  • 3:07 - 3:11
    Ҳамчунин бо номи ҳидружин мунуксид
    (гидрооксиди гидроген) шинохта мешавад.
  • 3:11 - 3:14
    Аммо эҳтимол аст, ки бисёре аз мо онро
    бо номи умумии он мешиносем,
  • 3:14 - 3:16
    ки "об" аст.
  • 3:18 - 3:22
    Тамоми далелҳое ки ман ба шумо
    каму беш гуфтам,
  • 3:22 - 3:27
    аз тарафи беҳтарин олимони
    ҷаҳон тасдиқ шудаанд
  • 3:27 - 3:31
    ва тақрибан ҳама дар ин толор
  • 3:31 - 3:35
    омода буданд то дастрасии мо
    ба об маҳдуд шавад.
  • 3:36 - 3:40
    Вақте ки ба мо танҳо як қисми таркибии
    иттилоотро пешниҳод мекунанд,
  • 3:40 - 3:45
    эҳтимолан дар қазоват ва
    тасмимгирӣ иштибоҳ мекунем.
  • 3:46 - 3:49
    Суҳбат дар мавриди ДҲМ чизи
    бисёреро ошкор мекунад оид ба
  • 3:49 - 3:52
    мавзӯе ки имруз мехоҳам
    дар борааш сухан кунам
  • 3:52 - 3:57
    Ин мавзӯи як ДҲМ-и дигар, ки бисёр
    ҳам нафратовартар аз ин дигарӣ аст.
  • 3:57 - 4:01
    ДҲМ-и аввал ди-ҳидружин мунуксид аст,
  • 4:01 - 4:05
    аммо ин дуввумӣ инсониятзидойӣ аз
    мусалмонон аст
  • 4:06 - 4:07
    Медиа Тенор,
  • 4:07 - 4:11
    як созмони бонуфузи ҷаҳон барои
    иктишофи стратежӣ оиди васоити ахбори омма
  • 4:11 - 4:14
    тақрибан як миллион адад аз
    хуруҷиҳои расонаҳои
  • 4:14 - 4:18
    Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дар бораи
    мусалмонон баррасӣ карда аст.
  • 4:18 - 4:24
    Наваду ҳашт фоизи ахбороти пахш шуда
    дар бораи мусалмонони ҷангталаб мебошад.
  • 4:24 - 4:31
    Танҳо ду фоизи (2%) онҳо дар бораи
    1.5 милёрд мусалмонони оддӣ мебошад,
  • 4:31 - 4:35
    яъне тақрибан чоряки аҳолии ин ҷаҳон
  • 4:35 - 4:37
    ки мо бо онҳо дар ин сайёра шарик ҳастем.
  • 4:38 - 4:43
    Ин дақиқан мисли вазъияти иттилооте аст
    ки ман дар бораи ДҲМ ба шумо додам.
  • 4:43 - 4:50
    Вақте ки тамоми иттилооти мо дар бораи як
    қисми таркибии хеле ғайриоддӣ бошад,
  • 4:50 - 4:54
    на танҳо дар мубориза хилофи он
    зермаҷмуъа шикаст мехурем,
  • 4:54 - 4:58
    балки мо ин масъаларо комилан нодуруст
    маънидод мекунем.
  • 4:58 - 5:03
    Мо амали
  • 5:03 - 5:08
    як гурӯҳи бениҳоят хурди
    мусалмонони ҷаҳонро
  • 5:08 - 5:12
    бо амали 1.5 милёрд нафар дар
    саросари ҷаҳон яке мекунем.
  • 5:12 - 5:16
    Ин ба он мемонад ки мо амали
    Ку Клакс Клан,
  • 5:16 - 5:18
    сузондани салибҳоро дар назар
    оварем
  • 5:18 - 5:22
    ва бигӯем: "Ин намояндагии ҳамаи
    масеҳият аст."
  • 5:22 - 5:26
    Мутаассифона, ин навъи ҳамгироӣ
    хеле маъмӯл шудааст,
  • 5:26 - 5:31
    ки мо метавонем дар як паём, ки дар
    пушти ин мошини борбар омада аст, бибинем.
  • 5:31 - 5:36
    "Ҳар он чӣ ки дар бораи Ислом донистан
    лозим буд, дар 9/11 ёд гирифтам."
  • 5:38 - 5:41
    Ман ёздаҳ сентябрро хуб ёд дорам.
  • 5:41 - 5:44
    Ман он вақт ба узвияти факултаи донишгоҳи
    Ҳарвард нав таъин шудам
  • 5:44 - 5:48
    ва худамро барои дарси нахустин

    омода мекардам.
  • 5:48 - 5:50
    Ман он дарсро дар ёд дорам.
  • 5:50 - 5:54
    Ман ва донишҷӯён дар талош будем то
  • 5:54 - 5:57
    ҳодисаи мудҳишеро, ки шоҳидаш шудем,
    дарк намоем.
  • 5:58 - 6:00
    Чизе ки воқеан рӯҳбаландкунанда буд
    ин буд ки
  • 6:00 - 6:07
    ҳамаи донишҷӯён ақли равшан доштанд
    ва мехостанд биёмузанд ва бифаҳманд.
  • 6:07 - 6:11
    Онҳо дарёфта буданд, ки тайи
    солҳои таҳсилашон
  • 6:11 - 6:16
    тақрибан ҳеҷ ошноӣ бо ҷаҳони Ислом

    пайдо накардаанд
  • 6:16 - 6:19
    ва аз ин рӯ онҳо мехостанд дарк намоянд.
  • 6:19 - 6:24
    Онҳо мехостанд ҳамин ҷаҳонро,
    ба тавре ки ҳаст, бибинанд.
  • 6:24 - 6:29
    Зиддият байни паёми пушти ин
    мошини борбар ва ин донишҷӯён
  • 6:29 - 6:33
    маро порчаеро аз китобе ки ин
    рӯзҳо тарҷума мекунам ба ёд мебиёрад.
  • 6:33 - 6:38
    он аз тарафи нависандаи машҳуре
    ба номи Насир ал-Дин Тусӣ,
  • 6:38 - 6:40
    ки яке аз уламои маъруфтарини мусалмонон
  • 6:40 - 6:43
    ва файласуфони асрҳои миёна ҳаст,

    навишта шудааст.
  • 6:43 - 6:45
    Ин порча чунин аст:
  • 6:45 - 6:52
    "Марде ки надонад ва надонад ки надонад,
    ҷоҳил бувад.
  • 6:52 - 6:54
    Аз ӯ дур бошед.
  • 6:54 - 6:59
    Марде ки надонад ва донад ки надонад,
    толиб бувад.
  • 6:59 - 7:01
    Иршод кунед ӯро.
  • 7:02 - 7:07
    Марде ки донад ва надонад ки донад,
    ӯ ғофил бувад.
  • 7:07 - 7:08
    Танбеҳ кунед ӯро.
  • 7:09 - 7:15
    Марде ки донад ва донад ки донад,
    ӯ олим бувад.
  • 7:15 - 7:17
    Мутобиъат кунед ӯро."
  • 7:19 - 7:23
    Яке аз сабабҳои дигар, ки аз барои он
    воқеаи 9/11 дар хотирам нақш гирифтааст,
  • 7:23 - 7:26
    шояд бештар аз бисёре дигар
  • 7:28 - 7:30
    ба ин сурат бар мегардад.
  • 7:31 - 7:35
    Ин амаки ман Салман Дананӣ аст.
  • 7:35 - 7:39
    Ӯ як довталаби фаъол дар ҷамоати
    худ дар Ню-Ёрк буд;
  • 7:39 - 7:45
    як башардӯсти ҳақиқӣ ки доим ба иқдомот
    дар кишварҳои дар ҳоли рушд кӯмак мекард.
  • 7:47 - 7:51
    Ӯ муовини раиси ширкати суғурта
    бо номи Аон Иншуренс буд,
  • 7:51 - 7:54
    ки утоқҳояш дар ошёнаи 99-уми
  • 7:54 - 7:58
    бурҷи ҷанубии маркази тиҷорати
    ҷаҳонӣ ҷойгир буд.
  • 7:59 - 8:02
    Дар он рузи шум,
  • 8:02 - 8:05
    вақте ки он ду ҳавопаймо бар он
    сохтмонҳо фуруд омаданд,
  • 8:05 - 8:09
    ҳидояти ҳамкоронаш берун аз
    сохтмон бар ӯҳдаи ӯ буд.
  • 8:09 - 8:15
    Ӯ ҷони ҳаштод нафар аз ҳамкоронашро наҷот
    дод ва онҳо тавонистанд фирор кунанд.
  • 8:16 - 8:20
    Аммо вақте онҳо ба берун расиданд,
    барои ӯ хеле дер шуда буд.
  • 8:20 - 8:23
    Ӯ гир афтод
  • 8:23 - 8:28
    ва имрӯз зери вайронаҳо аст,
  • 8:28 - 8:31
    ки рӯзе маркази тиҷорати ҷаҳонӣ буданд.
  • 8:31 - 8:33
    Ӯ 63 сол дошт.
  • 8:35 - 8:39
    Ин акс ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз марги
    ӯ гирифта шуда буд
  • 8:39 - 8:41
    вақте ки аъзоёни оилаи ман,
  • 8:41 - 8:47
    амакам Низор, холаам Мумтоз ва духтари
    амакам Фотима, барои дидани ӯ рафта буданд
  • 8:47 - 8:50
    Онҳо ин аксро берун аз Созмони Миллали

    Муттаҳид гирифтанд.
  • 8:51 - 8:56
    Инҳо он мусалмонони оддӣ ҳастанд ки мо ҳеҷ
    гоҳ дар бораи онҳо чизе намешунавем.
  • 8:58 - 9:01
    Хилои донише ки мо дорем
  • 9:01 - 9:04
    аз ҷаҳони Ислом, ҳудуди як
    чаҳоруми инсонҳо,
  • 9:04 - 9:09
    ба хубӣ тавассути як оморе ки
    ҳамин моҳи гузашта аз чоп баромад
  • 9:09 - 9:12
    аз тарафи яке аз ширкатҳои бонуфузи
    оморгирӣ дар ИМА,
  • 9:12 - 9:14
    Маркази Омори Умумӣ, муайян мешавад.
  • 9:14 - 9:19
    Ин ширкат бо ҳазор Амрикоӣ, демократҳо
    ва ҷумҳурихоҳон, мусоҳиба карда аст.
  • 9:19 - 9:22
    Натиҷаи омор чизест ки ба шумо
    қавл медиҳам, ки
  • 9:22 - 9:26
    агар ҳам мехостам аз худам дар
    биёварам наметавонистам.
  • 9:26 - 9:30
    Як чаҳоруми Амрикоиҳо тарафдори
    бомбаборон кардани Аграбаҳ ҳастанд.
  • 9:30 - 9:32
    (Ханда)
  • 9:32 - 9:36
    Касоне аз шумо, ки намедонанд, Аграбаҳ
    номи як подшоҳии асотирие
  • 9:36 - 9:38
    аз Аладдин, филми классикии Дисней, аст
  • 9:38 - 9:41
    (Ханда ва карсак)
  • 9:41 - 9:44
    Хеле аҷиб аст ки як чаҳорум мардум
  • 9:44 - 9:47
    мехостанд як подшоҳии хаёлиеро
    бомбаборон кунанд,
  • 9:47 - 9:52
    танҳо ба ин хотир ки эҳтимолан ҷойе дар
    Ховари Миёна бошад.
  • 9:52 - 9:57
    Вале ман фикр мекунам, ки ин худаш хеле
    чизҳоро аён мекунад, ҳамин тавр нест?
  • 9:57 - 10:04
    Зеро ки тасвири мо аз мардуми оддӣ
  • 10:04 - 10:09
    ки дар он қисмати дунё зиндагӣ мекунанд
    то ҳудуди хаёлӣ аст, ҳамин тавр нест?
  • 10:10 - 10:15
    Ман фикр мекунам ки ин чизе аст ки дар
    тули чанд насл густариш ёфта аст.
  • 10:15 - 10:18
    Дар воқеъ, ин то ҳадде
    ба дониши пешини ман
  • 10:18 - 10:21
    аз подшоҳии хаёлии Аладдин бармегардад,
  • 10:21 - 10:24
    зеро ки он аз филмҳои дӯстдоштаи
    аввоми кӯдакии ман буд
  • 10:24 - 10:29
    Ман суруди аввали ровиро
    хеле хуб дар ёд дорам.
  • 10:29 - 10:33
    Онҳо месуруданд: "Оҳ, ман аз он сарзамин,
    Аз ҷои дурдасте бар рӯи замин,
  • 10:33 - 10:36
    Онҷо ки шутурҳои корвон мегарданд
  • 10:36 - 10:39
    Ҷое ки гушҳои шуморо мебуранд
    Агар чеҳраат маъқулашон набошад.
  • 10:39 - 10:43
    Ҷои ваҳшиёна аст, вале хуб,
    он хонаи ман аст."
  • 10:43 - 10:48
    Аз синни хурдсолӣ, кӯдакон ёд мегиранд,
  • 10:48 - 10:55
    ки мардумони ин ҷаҳони Ислом

    ваҳшӣ ва таҷовузкоранд.
  • 10:56 - 11:01
    Ҳеҷ кас дар ин маврид аз профессор
    Ҷек Шаҳин таҳқиқоти бештаре накардааст.
  • 11:01 - 11:03
    Ӯ ҳудуди як ҳазор филмро,
  • 11:03 - 11:07
    ки дар тули бештар аз сад сол дар Ҳоливуд
    тавлид шудаанд, баррасӣ кардааст.
  • 11:07 - 11:11
    Танҳо дувоздаҳ филмро ёфта аст
  • 11:11 - 11:16
    ки мусалмонон ё арабҳоро ба наҳви
    мусбат тарсим кардаанд.
  • 11:16 - 11:18
    Дар воқеъ, ӯ ба ин натиҷа расидааст,
  • 11:18 - 11:23
    ки агар дар як филм як шахсият марди
    мусалмон ё араб бошад,
  • 11:23 - 11:26
    95% эҳтимол дорад ки
  • 11:26 - 11:30
    таҷовузкор, ҳаромризқ ё
    бевиҷдон тасвир шавад.
  • 11:30 - 11:33
    95%
  • 11:36 - 11:40
    Афроде чун Самуил Ҳантингтон
    вазъияти имрузро
  • 11:40 - 11:43
    "Бархурди тамаддунҳо" тавсиф мекунанд.
  • 11:44 - 11:45
    Мутафаккирони мутафовиттар,
  • 11:45 - 11:50
    ки тарафҳои дигари ҷаҳонро
    беҳтар дарк мекунанд,
  • 11:50 - 11:55
    медонанд ки ончӣ дар воқеъ мо бо он рӯ

    ба рӯ ҳастем "бархурди ҷаҳолат" аст.
  • 11:56 - 11:59
    Чӣ тавр бояд бо бархӯрди ҷаҳолат
    муқовимат кард?
  • 11:59 - 12:02
    Хуб, ақидае дорам ки ба фикрам шоистаи
    паҳн шудан аст.
  • 12:03 - 12:05
    Ман узви раёсати
  • 12:05 - 12:09
    "Барномаи Омузиши Ибтидоии Мадраса"
    дар Африқои Шарқӣ
  • 12:09 - 12:16
    ки ба минтақаҳои камбизоаттарини он ҷо ба
  • 12:16 - 12:19
    кӯдаконе ки дастрасӣ ба таҳсил надоранд,
    хизмат мерасонад, ҳастам.
  • 12:20 - 12:22
    Қариб сӣ сол пеш,
  • 12:22 - 12:25
    роҳбарони ҷамоатҳои мусалмони
    наздисоҳилии ин минтақа
  • 12:25 - 12:27
    ба назди Волоҳазрат Оғохон омаданд
  • 12:27 - 12:32
    ки падарбузургаш аввалин
    мактабҳои чанднажодиро дар
  • 12:32 - 12:33
    тамоми минтақа таъсис карда буд
  • 12:33 - 12:38
    Онҳо мехостанд бибинанд оё ӯ
    метавонад ба омузиши кӯдакон
  • 12:38 - 12:41
    дар ин ҷомеаҳои камбизоат кӯмак кунад.
  • 12:42 - 12:46
    Пас аз он, онҳо як барномаи омузиши
    инноватсиониро таҳия карданд
  • 12:46 - 12:49
    ки мавриди таваҷҷӯҳи CNN ва BBC

    ҳам қарор гирифта шуда буд
  • 12:49 - 12:53
    ва он мавзуоти оддиро дарс медиҳад.
  • 12:53 - 12:54
    Аммо, илова бар ин
  • 12:54 - 12:57
    як қисми асосии барномаи дарсӣ
  • 12:57 - 13:00
    ки бачаҳои ман, ки дар ин сурат мебинед,
  • 13:00 - 13:03
    аз хурдӣ фаро мегиранд
  • 13:04 - 13:09
    ин аст ки бояд дар гуногунандешии
    ҷаҳон қарор гиранд.
  • 13:09 - 13:11
    Онҳо бояд дар бораи гурӯҳҳои забонӣ,
  • 13:11 - 13:15
    гурӯҳҳои қавмӣ, гуногунии қабилаҳо
    ва мазҳабҳои
  • 13:15 - 13:20
    деҳаҳои худ, шаҳрҳои худ, кишвари
    худ ва ҷаҳони моро биёмӯзанд.
  • 13:20 - 13:26
    Ба ибораи дигар, ин кӯдакон дар руҳияи
    "этикаи ҷаҳонӣ" ба воя мерасанд.
  • 13:27 - 13:31
    Акнун, бисёре аз шумо мумкин аст ба ёд
    биёваред, ки дар аввали соли 2008,
  • 13:31 - 13:35
    Кения бо хушунати сахте рӯ ба рӯ шуд.
  • 13:35 - 13:38
    Вақте ки пас аз интихобот хушунат
    дар кишвар руй дод,
  • 13:38 - 13:41
    кушторе ба вуқӯъ пайваст.
  • 13:41 - 13:44
    Тарафдорони президент Мваи Кибаки
  • 13:44 - 13:47
    бар зидди тарафдорони рақиби
    ӯ меҷангиданд.
  • 13:48 - 13:52
    Қабилаҳои Кикую, Луо ва Каленҷин
    ҳамдигарро мекуштанд.
  • 13:52 - 13:57
    Ҳазорон нафар кушта ва садҳо ҳазор
    нафар овора шуданд.
  • 13:57 - 14:01
    Дар он вақт ҳамаи ҳафтоду панҷ мактабҳои
    мо дар Кения маҳкам шуданд.
  • 14:01 - 14:03
    Мо аз ин ҳол хеле хашмгин шудем.
  • 14:03 - 14:07
    Мактабҳои мо дар минтақаҳои
    камбизоаттарини кишвар ҷойгир буданд,
  • 14:07 - 14:12
    ки бештар аз ҳама ба таъсири ин хушунат
    дар ҳоли мустаъид қарор гирифтанд.
  • 14:13 - 14:17
    Вақте ки шӯрои мо дар ҷаласаи
    аввал ҷамъ омаданд,
  • 14:17 - 14:23
    ман фавран дархост намудам ки гузорише
    таҳия кунанд то ки ба мо иттилоъ диҳанд ки
  • 14:23 - 14:25
    чӣ иттифоқе ба бачаҳои мо афтодааст?
  • 14:25 - 14:28
    Чӣ иттифоқе ба устодони мо афтодааст?
  • 14:28 - 14:31
    Оё волидайне ки дар мактабҳои мо
    чун довталабанд солим ҳастанд?
  • 14:31 - 14:34
    Ҷомеаи мо чӣ?
  • 14:34 - 14:36
    Чанд кас ба ҳалокат расиданд?
  • 14:37 - 14:41
    Вақте ки гузориш ба дасти мо расид, мо аз
    он чӣ ки мехондем дар ҳайрат мондем.
  • 14:42 - 14:47
    Ҳатто яке аз мактабҳои ҷамоати мо ҳам
  • 14:47 - 14:51
    таъсире аз он хушунат надида буд.
  • 14:52 - 14:53
    Ҳеҷ кадом!
  • 14:54 - 15:00
    Ва ман боварӣ дорам, ки сабаби ин он аст,
    ки дар тули сӣ соли охир
  • 15:00 - 15:04
    ин кӯдакон бо омузиш дар бораи
    ҳамсояҳои худ,
  • 15:04 - 15:08
    дар бораи қабилаҳо, забонҳо, сурудҳо
  • 15:08 - 15:13
    ва рақсҳои ҳамаи атрофиён
  • 15:13 - 15:15
    ва ҷаҳониён калон шуданд.
  • 15:15 - 15:21
    Онҳо бар зидди вируси адоват ва
    инсониятзидойӣ,
  • 15:21 - 15:24
    ки демагогҳо ба паҳн кардани он
    кӯшиш ба харҷ медиҳанд, эманд.
  • 15:25 - 15:31
    Оё метавонед тасаввур кунед ки агар
    кӯдакон дар саросари ҷаҳон
  • 15:31 - 15:33
    мисли ин кӯдакон таълим гиранд, чӣ мешуд?
  • 15:34 - 15:39
    Оё мо имрӯз шоҳиди хушунатҳои фирқавӣ
    дар Ироқ ва Сурия мебудем?
  • 15:39 - 15:43
    Оё мушкилоти нажодӣ дар ИМА ки
    имруз ба ин гуна ҳаст ҳамин тавр мемонд?
  • 15:43 - 15:48
    Оё исломҳаросӣ дар ҷаҳони Ғарб дар роҳе
    ки мо онро имруз мебинем вуҷуд медошт?
  • 15:49 - 15:53
    Шумо медонед ки таърифи мо аз
    шахси таҳсилкарда дар Ғарб
  • 15:54 - 15:58
    маънои онро дорад, ки ӯ бояд битавонад
    чизе дар бораи Исаак Нютон,
  • 15:58 - 16:01
    Мосарт, Наполеон ба мо бигуяд.
  • 16:02 - 16:05
    Лекин ба сахтӣ мумкин аст
  • 16:05 - 16:08
    касеро ҳатто миёни таҳсилкардатарин
    афрод дар Ғарб
  • 16:08 - 16:13
    биёбем ки дар бораи муодили инҳо дар
    ҷаҳони ислом бидонад.
  • 16:14 - 16:15
    Ин сарфи назар аз он аст, ки
  • 16:15 - 16:19
    худи калимаҳои "алгебра" ва "алгоритм"
    аз забони арабӣ меоянд
  • 16:19 - 16:24
    ва баъзе аз барҷастатарин созаҳои
    меъморӣ дар ҷаҳон,
  • 16:24 - 16:29
    ба мисли Тоҷмаҳал аз фарҳангҳои
    мусалмонон меоянд.
  • 16:29 - 16:33
    Қонуни Ибни Сино (қонун дар тиб)
  • 16:33 - 16:38
    китоби дарсӣ-стандартии тиб дар Аврупо
    дар тули садҳо сол буда аст.
  • 16:40 - 16:45
    Мо бояд дар барномаи таълимии худ
    диди ҷаҳониро амалӣ намоем
  • 16:45 - 16:48
    то ки аз хурдсолӣ
  • 16:48 - 16:53
    кӯдакон бо дарки беҳтаре аз дунёе ки
    дар он зиндагӣ мекунем
  • 16:53 - 16:55
    ва аз мардуме ки қисми ҷамоати
    мо ҳастанд, калон шаванд.
  • 16:56 - 17:01
    Дар даромадгоҳи Созмони Милали Муттаҳид
    шеъри форсии
  • 17:01 - 17:06
    Саъдии Шероз, ки шоири мусалмони асри
    сездаҳум аст, навишта шуда аст. Ӯ мегӯяд:
  • 17:07 - 17:10
    Бани одам аъзои якдигаранд
  • 17:10 - 17:15
    Бани одам аъзои якдигаранд
  • 17:15 - 17:18
    Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
  • 17:19 - 17:23
    Чу узве ба дард оварад рузгор
  • 17:23 - 17:28
    Дигар узвҳоро намонад қарор
  • 17:28 - 17:32
    Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ
  • 17:32 - 17:37
    Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ
  • 17:37 - 17:41
    Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ
  • 17:41 - 17:43
    Ин эҳсосоте, ки мо як оилаи инсонӣ ҳастем
  • 17:43 - 17:50
    илҳомбахши бисёре аз корҳои шуҷоъатомез

    дар гузаштаи наздик буда аст.
  • 17:50 - 17:54
    Дар чанд моҳи охир дар натиҷаи
    ҳамлаҳои террористӣ
  • 17:54 - 17:57
    баъзе унсурҳои ифротгаро дар Ғарб
  • 17:57 - 17:59
    бар зидди мусалмонони миёни
    худ
  • 17:59 - 18:03
    ки алоқае ба ин ҳамлаҳои террористӣ
    надоранд, гаштаанд.
  • 18:03 - 18:07
    Мо шоҳиди тела додани занонро ба муқобили
    автобусҳои дар ҳоли ҳаракат шудем.
  • 18:07 - 18:09
    Мо ҳамчунин шоҳиди оташ задан ба масҷидҳо
  • 18:09 - 18:14
    ва партофтани сари хук ба мактаби
    кӯдакон шудем.
  • 18:14 - 18:16
    Аммо вақте ки ин ҳаводис оғоз шуданд
  • 18:16 - 18:20
    ва мусалмонон аз тарс ба ҷомеаи худ
    рафтан наметавонистанд,
  • 18:20 - 18:24
    дар давоми чор соат 150,000 твит
    дар Австралия
  • 18:24 - 18:28
    бо ҳештеги "Ман ҳамроҳи ту хоҳам буд"
    берун омад.
  • 18:28 - 18:30
    "Ман ҳамроҳи ту хоҳам буд"
  • 18:30 - 18:33
    Мо бо шумоем. Шумо ҷузъи ҷомеаи мо ҳастед.
  • 18:33 - 18:36
    Шумо ягон сабабе барои ташвиш
    кашидан надоред.
  • 18:36 - 18:37
    Танҳо чанд ҳафта пеш,
  • 18:37 - 18:42
    ҷангиёни ал-Шабоб ба як автобусе,
    ки дар роҳи Мандера
  • 18:42 - 18:45
    дар наздикии марзи Сомалӣ ва
    Кения мерафт, ҳамла карданд.
  • 18:45 - 18:47
    Онҳо мехостанд то масеҳиёнро
    аз автобус берун
  • 18:47 - 18:50
    ва бо бераҳмӣ қурбон кунанд.
  • 18:50 - 18:52
    Аммо мусалмонони он автобус
  • 18:52 - 18:57
    нагузоштанд ки бародарону хоҳарони
    масеҳияшон кушта шаванд.
  • 18:57 - 19:02
    Онҳо ба террористҳо гуфтанд:
    "Шумо ин масеҳиёнро намегиред."
  • 19:02 - 19:06
    "Агар мехоҳед онҳоро бикушед, ногузир ба
    куштани ҳамаи мо хоҳед шуд."
  • 19:06 - 19:11
    Он террористҳо тарсида гурехтанд.
  • 19:14 - 19:19
    Агар мо бо дониш дар бораи ҳамсояҳо
  • 19:19 - 19:22
    ва мардумони ҷаҳонамон мусаллаҳ шавем,
  • 19:22 - 19:26
    мо ба воситаи он метавонем дар муқобили
  • 19:26 - 19:31
    касе ки умед ба инсоният-зидоии дигарон
    ва ҷудо карданамон баста аст, истода бошем
  • 19:32 - 19:38
    чаро ки ба қавли Саъдии Шероз, мо
    ҳама фарзандони Одам ҳастем,
  • 19:38 - 19:42
    мо ҳама як оилаи инсонӣ ҳастем.
  • 19:42 - 19:44
    Ташаккур.
  • 19:44 - 19:46
    (Қарсак)
Title:
Бархӯрди ҷаҳолатҳо | Шафиқ Виранӣ | TEDxUTSC
Description:

Бо далелҳои ҳайратангез, ҳикоятҳои хандаовар, басират андар руйдодҳои ҷаҳон ва ҳикоятҳои ғамангези худ, Доктор Шафиқ Виранӣ моро бар он мехонад ки мо бояд бо бархурди ҷаҳолатҳои байни Ғарб ва ҷаҳони Ислом рӯ ба рӯ шуда деворҳои итилоъоти ғалатро бо пулҳои ҳамдигарфаҳмӣ иваз кунем. Бо муроҷиат ба табиати беҳтарини инсон, Доктор Виранӣ як биниши боидрокеро ба баъд ироа мекунад ва умед ба ояндаи беҳтарро бармеангезад.

Доктор Шафиқ Виранӣ (PhD, Донишгоҳи Ҳарвард) профессори мумтози мутолиъоти исломӣ дар Донишгоҳи Торонто, мудири муассиси Маркази тамадунҳои Осиёи Ҷанубӣ ва раиси собиқи бахши мутолиоти таърихӣ аст. Ӯ нависандаи дорои ҷоизаҳо ва як суханрони машҳури байналмиллалӣ аст ки барои мардумони беш аз панҷоҳ кишвари дунё ва ҷамиъате беш аз 15,000 суханронӣ карда аст. Китоби ӯ "Исмоилиён дар асрҳои миёна: Таърихи бақо, ҷустуҷӯи растагорӣ" аввалин китоби академикии мунташиршудаи тавассути як нашри муҳими донишгоҳӣ мебошад ки намооҳанги китоб дорад. Созмони миллал бо тавсифи ӯ ба "фарди жарфнигар" ӯро ба хотири кушишҳояш дар "густариш додани марзҳои дониш ва саъодати башарият" муфтахир карда аст.

This talk was given at a TEDx event using the TED conference format but independently organized by a local community. Learn more at http://ted.com/tedx

more » « less
Video Language:
English
Team:
closed TED
Project:
TEDxTalks
Duration:
19:54

Tajik subtitles

Revisions Compare revisions