-
Салом, номи ман Элис ва ман гурӯҳҳои кориро барои маҳсулот ва корҳои муҳандисӣ дар Code.org роҳбарӣ мекунам, ва
-
ман маводи таълимиеро, ки шумо истифода бурда истодаед, эҷод кардам. Акнун шумо ба дараҷаи ниҳоӣ расидед.
-
Табрик! Акнун шумо ҳамаи чизҳои лозимиро барои навиштани барнома барои бозии
-
"Ҷанги Ситораҳо" омӯхтед. Ягон дастурамали дигар ё вазифа боқӣ намондааст. Шумо метавонед бозии худро созед
-
ва интихоб кунед, ки он чӣ тавр кор мекунад. Як чизи дигар аст, шумо садоҳо ва фармонҳои навро барои навиштани барномаҳои нав кушодед.
-
[донишҷӯён мегӯянд] Мо бозии осонро эҷод кардем, ва вақте ки шумо хукбачаҳоро меқапед, холҳоро ҷамъ мекунед.
-
Душвории асосӣ дар ин бозӣ - ҳар вақте ки шумо ба хукбача мерасед, самолёти ҳамлавар пайдо мешавад.
-
Дар оқибати бозӣ тамоми экран бо хукбачаҳо пур мешавад, ва вақте ки шумо 10000 хукбачаро ҷамъ мекунед
-
шумо бозиро бурд мекунед. [донишҷӯён мегӯянд]. Мо бозиёро эҷод кардем, ки дар бозӣ бой додан ғайриимкон аст,
-
ва ҳамаи чизҳоеро, ки шумо ҷамъ мекунед, ба шумо холҳо медиҳанд. Барои бозии ман, ман тугмаҳои клавиатураро илова
-
кардам, бинобар ин, вақте ки шумо тугмаи тирдори болоро пахш мекунед, қаҳрамон ба поён ҳаракат мекунад, ва вақте ки шумо
-
тугмаи тирдори ростро пахш мекунед, қаҳрамон ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Ин хеле душвор аст! Баъзе вақт, шумо аз
-
эҷодкунии бозӣ афзалият доред! Ман тавонистам? Ҳа!
-
Вақте ки шумо эҷодкунии бозиро ба анҷом мерасонед, метавонед пайванди онро дар Интернет ба даст оред ва бо дӯстон мубодила кунед
-
ё ин ки ин бозиро ба воситаи телефони худ дар ҷои дилхоҳ бозӣ кунед. Барори кор!