- 
Эй, салом, номи ман Чарита Картер. Ман таҳиякунандаи эҷодкори калон дар Уолт Дисней Имеҷиниеринг мебошам. 
- 
Ман барои роҳбарӣ кардани гурӯҳи корие, ки дар ҳақиқат ҷозибаҳоро барои меҳмонони мо эҷод мекунад, ҷавобгар ҳастам 
- 
Мо ҳамеша барои беҳтар кардани таҷрибаи меҳмонони мо роҳҳои навро ҷустуҷӯ мекунем 
- 
ва технологияҳоеро, ки дили ҳамаи ҷозибаҳои мо мебошанд, такмил медиҳем. 
- 
Табрик, шумо тавонистед! Шумо барои дройди BB-8 барномаро навиштед. Акнун, умедворам, ки мо барои эҷод кардани чизе 
- 
мушкилтар омода ҳастем. Биёед корро сар кунем! Зеро ки шумо аллакай асосҳои барномарезиро омӯхтед, ҳоло мо 
- 
бозии нави моро бо қаҳрамонони R2-D2 ва C3PO месозем. Барои сохтани бозӣ, мо бояд малакаҳоеро, ки 
- 
барномасозони бозиҳо ҳар рӯз истифода мебаранд омӯзем. Мо бояд рӯйдодҳоро омӯзем. 
- 
Рӯйдодҳо ба барномаи шумо маълумотеро таъмин менамоянд, то ки он амалҳоеро дар вақти лозимӣ иҷро кунад. 
- 
Барои мисол, баъзе рӯйдодҳо зеркунии тугмаи муш, тугмаи тирдор ё зарбазании экранро интизор мешаванд. 
- 
Дар ин маврид мо барномаеро менависем, то ки R2-D2 ба боло ҳаракат карда, паёмеро ба лётчики ошӯбгар расонад 
- 
ва баъд ба поён ҳаракат карда бо лётчики дигар вохӯрад. 
- 
Мо барои ҳар як ҳаракат аз рӯйдодҳо истифода мебарем. Вақте ки бозингар тугмаҳо ё тугмаҳои тирдори боло/поёнро 
- 
истифода мебарад, мо бояд блоки рӯйдоди болоро интихоб кунем ва длоки ҳаракати болоро ба он часпонем. Вақте ки 
- 
бозингар тугмаи тирдори болоро пахш мекунад, рамзе ки ба блоки боло часпонда мешавад, иҷро карда мешавад. Ва 
- 
мо амали монандро барои ҳаракат кардани R2-D2 ба поён такрор мекунем. 
- 
Акнун ба ҷои навиштани рамзи пурра барои пешакӣ идора кардани дройди мо, мо метавонем ки R2-D2 рӯйдодҳои пахшкунии 
- 
тугмаҳоро барои ҳаракаткунӣ дар фазои экран гӯш кунад. Қадам ба қадам мо бозиеро месозем, ки 
- 
Not Synced хеле интерактивӣ аст.