Салом, номи ман Элис ва ман гурӯҳҳои корӣ барои маҳсулот ва корҳои муҳандисӣ дар Code.org роҳбарӣ мекунам, ва ман маводи таълимиеро, ки шумо истифода бурда истодаед, эҷод кардам. Акнун шумо ба дараҷаи ниҳоӣ расидед. Табрик! Акнун шумо ҳамаи чизҳои лозимиро барои навиштани барнома барои бозии "Ҷанги Ситораҳо" омӯхтед. Ягон дастурамали дигар ё вазифа боқӣ намондааст. Шумо метавонед бозии худро созед ва интихоб кунед, ки он чӣ тавр кор мекунад. Як чизи дигар аст, шумо садоҳо ва фармонҳои навро барои навиштани барномаҳои нав кушодед. [донишҷӯён мегӯянд] Мо бозии осонро эҷод кардем, ва вақте ки шумо хукбачаҳоро меқапед, холҳоро ҷамъ мекунед. Душвории асосӣ дар ин бозӣ - ҳар вақте ки шумо ба хукбача мерасед, самолёти ҳамлавар пайдо мешавад. Дар оқибати бозӣ тамоми экран бо хукбачаҳо пур мешавад, ва вақте ки шумо 10000 хукбачаро ҷамъ мекунед шумо бозиро бурд мекунед. [донишҷӯён мегӯянд]. Мо бозиёро эҷод кардем, ки дар бозӣ бой додан ғайриимкон аст, ва ҳамаи чизҳоеро, ки шумо ҷамъ мекунед, ба шумо холҳо медиҳанд. Барои бозии ман, ман тугмаҳои клавиатураро илова кардам, бинобар ин, вақте ки шумо тугмаи тирдори болоро пахш мекунед, қаҳрамон ба поён ҳаракат мекунад, ва вақте ки шумо тугмаи тирдори ростро пахш мекунед, қаҳрамон ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Ин хеле душвор аст! Баъзе вақт, шумо аз эҷодкунии бозӣ афзалият доред! Ман тавонистам? Ҳа! Вақте ки шумо эҷодкунии бозиро ба анҷом мерасонед, метавонед пайванди онро дар Интернет ба даст оред ва бо дӯстон мубодила кунед ё ин ки ин бозиро ба воситаи телефони худ дар ҷои дилхоҳ бозӣ кунед. Барори кор!