1 00:00:01,280 --> 00:00:03,940 Хуш омадед ба Соати рамз... 2 00:00:14,070 --> 00:00:20,470 Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва". 3 00:00:20,470 --> 00:00:27,910 Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8. Қаҳрамони BB-8, ки дройди куравӣ мебошад, кор мекунед. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате, 4 00:00:27,910 --> 00:00:34,830 ки он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз 5 00:00:34,830 --> 00:00:41,220 саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ 6 00:00:41,220 --> 00:00:45,290 барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд. 7 00:00:45,290 --> 00:00:51,899 Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ 8 00:00:51,899 --> 00:00:57,340 ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам 9 00:00:57,340 --> 00:01:03,289 то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур 10 00:01:03,289 --> 00:01:08,630 ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо 11 00:01:08,630 --> 00:01:13,679 асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ 12 00:01:13,679 --> 00:01:17,240 аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро 13 00:01:17,240 --> 00:01:23,200 кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад 14 00:01:23,200 --> 00:01:27,700 ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад. Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои 15 00:01:27,700 --> 00:01:32,259 бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои 16 00:01:32,259 --> 00:01:37,259 бозӣ навишта мешаванд. Ин фазои миёна қуттии абзорҳо мебошад, ва ҳар як блок фармоне мебошад, ки 17 00:01:37,259 --> 00:01:42,009 BB-8 мефаҳмад ва метавонад иҷро намояд. Фазои сафед аз тарафи рост фазои корӣ номида мешавад 18 00:01:42,009 --> 00:01:44,649 ва мо дар ин фазои сафед барномаи моро месозем. 19 00:01:44,649 --> 00:01:51,860 Агар ман блоки "moveLeft" ба фазои кории мо кашида, ҷойгир кунам, чӣ мешавад? BB-8 дар фазои мо ба масофаи як блок 20 00:01:51,860 --> 00:01:56,990 ба тарафи чап ҳаракат мекунад. Чӣ кунам, агар хоҳам, ки BB-8 баъд аз иҷро кардани блоки ҳаракати чап чизе дигар иҷро намояд? 21 00:01:56,990 --> 00:02:02,280 Ман метавонам блоки дигареро ба барномаи мо илова кунам. Ҳозир ман блоки moveUp-ро интихоб мекунам ва онро кашида, дар зери 22 00:02:02,280 --> 00:02:06,180 блоки moveLeft то пайдоиши таъсири равшанӣ ҷойгир кунам. Баъд аз ҷойгир кардани блок, ду блок часпонида мешаванд. 23 00:02:06,180 --> 00:02:10,549 Вақте ки ман тугмаи "Иҷро кардан"-ро аз нав пахш мекунам, дройди BB-8 фармонҳоеро, ки мо дар фазои корӣ 24 00:02:10,549 --> 00:02:15,989 аз боло ба поён часпондем, иҷро мекунад. Агар шумо хоҳед, ки ягон блокро нест кунед, шумо метавонед онро аз силсила тоза кунед 25 00:02:15,989 --> 00:02:20,560 ва ба қуттии абзорҳо кашида, баргардонед. Бадъ аз иҷро кардани фармонҳо, шумо ҳамеша метавонед тугмаи "Бозсозӣ"-ро 26 00:02:20,580 --> 00:02:27,600 пахш карда, дройди BB-8-ро ба оғоз гардонед. Акнун, биёед дройди моро ҳаракат кунем!