Хуш омадед ба Соати рамз... Салом, номи ман Кетлин Кеннеди ва ман таҳиякунандаи филми ҳунарии "Ҷанги Ситораҳо" мебошам: "Бедоршавии қувва". Имрӯз шумо бо яке аз ситораҳои мо бо номи BB-8. Қаҳрамони BB-8, ки дройди куравӣ мебошад, кор мекунед. Ҳар амал ва ҳар ҳаракате, ки он иҷро мекунад, аз тарафи нармафзори компютерӣ идора карда мешавад. Илми компютерӣ ба ҳар саноат, сар карда аз саноати бозоршиносӣ, тандурустӣ то саноати филмбардорӣ таъсир мерасонад. Дар ҳақиқат, садҳо муҳандисони компютерӣ барои таҳия кардани филм, монанди "Бедоршавии қувва" ҳамкорӣ карданд. Салом, номи ман Рейчел Роуз. Ман муҳандиси калони R&D дар ILM мебошам, ва ман гурӯҳи барномарезии аниматсионӣ ва эҷодкориро роҳбарӣ мекунам. Дар филми ҳунарии "Бедоршавии қувва", ман барои кумакрасонӣ ба наққош ҷавобгар мебошам то ки ӯ либосҳоеро эҷод кунад, ки қисмҳои ҳаракатшавандаи қаҳрамон мебошанд ва қаҳрамонро дар саҳнаи галактикаи дур ҳақиқатмонанд мекунад. Дар давоми ин соат, мо бо шумо як бозии "Ҷанги ситораҳо"-ро месозем, ки ба шумо асосҳои барномарезиро муаррифӣ мекунад. Одатан, барномарезӣ аз матн иборат аст, вале мо дар ин ҷо блокҳои махсусро истифода мебарем, то ки тавонем барои навиштани барнома онҳоро кашида, ҷойгир кунем. Барои оғози кори барномарезии BB-8 ба мо Рей кумак мерасонад, то ки дройд тавонад сайру гашт кунад ва ҳамаи қисмҳои оҳаниро ҷамъ кунад. Экрани шумо ба се қисм тақсим мешавад. Аз тарафи чап фазои бозии "Ҷанги ситораҳо" барои иҷро кардани рамз мебошад. Дастурамалҳо барои ҳар як дараҷа дар зери фазои бозӣ навишта мешаванд. Ин фазои миёна қуттии абзорҳо мебошад, ва ҳар як блок фармоне мебошад, ки BB-8 мефаҳмад ва метавонад иҷро намояд. Фазои сафед аз тарафи рост фазои корӣ номида мешавад ва мо дар ин фазои сафед барномаи моро месозем. Агар ман блоки "moveLeft" ба фазои кории мо кашида, ҷойгир кунам, чӣ мешавад? BB-8 дар фазои мо ба масофаи як блок ба тарафи чап ҳаракат мекунад. And what if I want BB-8 to do something after the move left block? I can add another