WEBVTT 00:00:12.776 --> 00:00:17.246 Чӣ чизе дар тӯли зиндагӣ моро солим ва шод нигаҳ медорад ? 00:00:18.246 --> 00:00:20.986 Агар шумо ҳозир барои ояндаи дурахшонатон 00:00:21.017 --> 00:00:23.547 ба беҳтарин наҳв сармоягузорӣ мекардед, 00:00:23.965 --> 00:00:26.745 дар куҷо вақту тавоноиятонро сарф мекардед? 00:00:26.940 --> 00:00:29.224 Дар ибтидои ин аср аз насли ҷавон назарсанҷӣ шуд, 00:00:29.224 --> 00:00:30.804 ки аз онҳо пурсидаанд, 00:00:30.846 --> 00:00:34.696 муҳимтарин ҳадафҳои зиндагияшон чист? 00:00:34.713 --> 00:00:37.093 ва 80 дарсади онҳо посух додаанд, ки 00:00:37.144 --> 00:00:41.114 ки муҳимтарин ҳадафи зиндагиашон сарватманд шудан аст. 00:00:41.272 --> 00:00:44.222 Ва 50 дарсад аз ин ҷавонҳо 00:00:44.601 --> 00:00:48.471 ҳадафи муҳими дигари зиндагиашонро 00:00:48.783 --> 00:00:50.303 машҳур шудан гуфтаанд. 00:00:50.615 --> 00:00:52.595 (хандаи ҳозирон) 00:00:52.811 --> 00:00:55.921 Ба мо ҳамвора гуфтаанд, ки шадидан кор кунед 00:00:56.351 --> 00:01:00.121 бештар ба даст оваред. 00:01:00.451 --> 00:01:02.461 Ба мо ин тасаввурро додаанд, ки 00:01:02.548 --> 00:01:05.928 барои доштани як зиндагии хуб инҳо лозиманд. 00:01:06.279 --> 00:01:08.809 Тасвири комили зиндагӣ, интихобҳое, ки инсонҳо анҷом медиҳанд 00:01:08.833 --> 00:01:13.603 ва натиҷае, ки ин интихобҳо ба инсонҳо медиҳад 00:01:14.523 --> 00:01:17.893 - ингуна тасвир барои мо ғайриимкон аст. 00:01:18.193 --> 00:01:21.083 Бештар чизе, ки мо аз зиндагиии инсонҳо медонем, 00:01:21.162 --> 00:01:24.532 аз пурсиши онҳо дар бораи хотироти гузаштаашон аст 00:01:24.672 --> 00:01:28.832 ва чунонки медонем, нигоҳ ба гузашта воқеияти сад дарсадиро ба даст намедиҳад. 00:01:29.412 --> 00:01:33.282 Мо бисёр ҳодисаҳои дар зиндагӣ бо мо рухдодаро фаромӯш мекунем 00:01:33.310 --> 00:01:36.610 ва баъзе вақтҳо хотирот халлоқ мешаванд [тағйир мекунанд]. 00:01:36.811 --> 00:01:40.811 Аммо чӣ мешуд агар мо метавонистем ҷараёни ҳамаи зиндагии 00:01:40.912 --> 00:01:43.482 инсонҳоро дар гузари замон бубинем? 00:01:43.945 --> 00:01:47.285 Чӣ мешуд агар мо метавонистем инсонҳоро аз даврони наврасиашон 00:01:47.653 --> 00:01:50.493 то замони пириашон мутолиъа кунем 00:01:51.499 --> 00:01:55.169 ва бубинем, ки чӣ дар воқеъ онҳоро солим ва хушбахт нигоҳ медорад? 00:01:55.410 --> 00:01:57.380 Мо ин корро кардем. 00:01:57.886 --> 00:02:00.666 Таҳқиқи Ҳарвардро дар бораи инкишофи бузургсолон 00:02:00.761 --> 00:02:04.761 метавон тӯлонитарин таҳқиқи ҳаёти бузургсолон номид. 00:02:05.748 --> 00:02:11.448 Дар тӯли 75 сол мо зиндагии 724 мардро таҳти назар қарор додем 00:02:13.506 --> 00:02:17.506 сол аз сол дар бораи корашон, зиндагии шахсиашон, саломатиашон пурсидем 00:02:17.959 --> 00:02:21.959 ва албатта дар ин ҳангом намедонистем, ки зиндагии онҳо 00:02:22.039 --> 00:02:25.509 чигуна самту сӯе хоҳад гирифт. 00:02:25.736 --> 00:02:28.776 Таҳқиқе монанди ин бисёр нодир аст. 00:02:28.958 --> 00:02:32.558 Мутолиъоти шабеҳи ин дар тӯли як даҳа аз байн рафтаанд. 00:02:33.234 --> 00:02:36.434 Зеро бисёре аз иштироккунандагон таҳқиқро раҳо кардаанд 00:02:36.515 --> 00:02:39.235 ё буҷаи тарҳи таҳқиқ қатъ шудааст 00:02:39.384 --> 00:02:41.704 ё муҳаққиқон ҷудо шудаанд 00:02:41.748 --> 00:02:45.748 ё афрод мурдаанду ҳеҷ кас кори онҳоро давом надодааст. 00:02:46.212 --> 00:02:49.192 Аммо бо таркибе аз иттифоқоти хуш 00:02:49.233 --> 00:02:52.283 ва исрори чанд насле аз муҳаққиқон, 00:02:52.447 --> 00:02:54.307 ин тарҳ пойдор монд. 00:02:54.507 --> 00:02:58.507 Тақрибан 60 нафар аз 724 иштирокчиёни ибтидоии таҳқиқ 00:02:58.760 --> 00:03:00.290 ҳанӯз бар ҳаёт ҳастанд, 00:03:00.486 --> 00:03:02.776 то ҳол дар ин тарҳ иштирок мекунанд 00:03:02.969 --> 00:03:05.039 ва бештари онҳо 90-солаанд. 00:03:05.596 --> 00:03:07.796 Ва мо акнун бар рӯи бештар аз 00:03:07.963 --> 00:03:11.533 2000 фарзандони онҳо таҳқиқ оғоз кардаем. 00:03:11.954 --> 00:03:14.554 Ва ман чорумин мудири ин таҳқиқ ҳастам. 00:03:15.489 --> 00:03:19.489 Аз соли 1937 мо зиндагии ду гурӯҳ мардҳоро мутолиъа мекунем. 00:03:20.251 --> 00:03:22.921 Дар оғози таҳқиқ, ширкаткунандагони гурӯҳи якум 00:03:22.970 --> 00:03:25.160 донишҷӯёни соли дуюми коллеҷи Гарвард буданд. 00:03:25.243 --> 00:03:27.603 Ҳамаи онҳо коллеҷро дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хатм карданд 00:03:27.773 --> 00:03:30.503 ва аксарашон ба ҷанг рафтанд. 00:03:31.504 --> 00:03:34.014 Гурӯҳи дуюми мавриди таҳқиқи мо 00:03:34.250 --> 00:03:37.720 як гурӯҳ бачаҳо аз манотиқи камбағалтарини Бостон буданд, 00:03:37.806 --> 00:03:39.916 ин бачаҳо барои таҳқиқ интихоб шуда буданд 00:03:40.086 --> 00:03:43.066 махсусан ба далели инки онҳо узви хонаводаҳои мушкилдор 00:03:43.215 --> 00:03:44.765 ва камбизоати 00:03:44.964 --> 00:03:47.524 Бостони солҳои 1930 буданд. 00:03:47.958 --> 00:03:51.508 Бештари онҳо дар хонаҳои бисёрҳуҷрагии иҷора, ки оби гарму сард надоштанд, 00:03:51.508 --> 00:03:53.808 зиндагӣ мекарданд. 00:03:54.507 --> 00:03:56.267 Замоне ки шомили таҳқиқ мешуданд , 00:03:56.514 --> 00:03:59.304 бо ҳамаи ин наврасон мусоҳиба гузаронда шуд. 00:03:59.501 --> 00:04:01.281 Онҳо аз озмоишҳои тиббӣ гузаштанд. 00:04:01.753 --> 00:04:04.573 Мо ба хонаҳои онҳо рафтем ва бо волидайнашон мусоҳиба кардем. 00:04:05.265 --> 00:04:07.535 Баъдҳо ин наврасон калон шуданд 00:04:07.544 --> 00:04:09.844 ва ба тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ ворид гардиданд. 00:04:10.004 --> 00:04:15.264 Онҳо коргари корхона, ҳуқуқшинос, устои гилкор, табиб шуданд 00:04:16.218 --> 00:04:19.528 ва як нафарашон Президенти ИМА шуд. 00:04:20.752 --> 00:04:24.752 Кадоме аз онҳо майзада шуд. Баъзеҳояшон мубтало ба маҷзубият [шизофрения] шуданд. 00:04:25.496 --> 00:04:28.276 Баъзеҳояшон аз нардбони иҷтимоӣ 00:04:28.276 --> 00:04:30.546 аз поён то ба боло рафтанд 00:04:30.996 --> 00:04:34.996 ва баъзеи дигар ин ҳаракатро ба самти муқобил анҷом доданд. 00:04:35.516 --> 00:04:37.776 Асосгузорони ин таҳқиқ 00:04:38.503 --> 00:04:41.753 ҳатто дар орзуҳои ниҳонияшон ҳам тасаввур карда наметавонистанд, 00:04:41.914 --> 00:04:45.514 ки ман имрӯз инҷо истода, баъд аз 75 сол 00:04:45.743 --> 00:04:49.073 ба шумо мегӯям таҳқиқ ҳанӯз идома дорад. 00:04:49.753 --> 00:04:52.783 Ҳар ду сол, ҳамкорони сабуру ҷоннисори мо 00:04:52.985 --> 00:04:56.285 ба иштироккунандагони таҳқиқ занг зада, мепурсанд, ки оё метавонанд 00:04:56.285 --> 00:04:59.568 пурсишҳои бештареро дар бораи зиндагиашон ба онҳо бифиристанд? 00:05:00.252 --> 00:05:03.502 Бисёре аз истиқоматкунандагон дар маркази Бостон аз мо мепурсанд: 00:05:03.754 --> 00:05:07.754 “ Чаро шумо ба таҳқиқи ман идома медиҳед? Дар зиндагии ман ҳеҷ чизи ҷолиб нест”. 00:05:08.698 --> 00:05:11.528 Хатмкунандаи Ҳарвард ҳаргиз чунин савол намедиҳад. 00:05:11.535 --> 00:05:17.495 (Хандаи ҳозирон) 00:05:21.004 --> 00:05:23.914 Ба хотири ба даст овардани тасвири рӯшантаре аз зиндагиашон 00:05:23.914 --> 00:05:26.719 мо ба онҳо фақат пурсишнома намефиристем. 00:05:26.996 --> 00:05:29.116 Мо дар хонаҳои онҳо сӯҳбат мекунем. 00:05:29.126 --> 00:05:31.566 Мо собиқаи тиббии онҳоро аз табибонашон мегирем. 00:05:31.998 --> 00:05:34.548 Мо аз онҳо хун мегирем, мағзашонро муоина мекунем, 00:05:34.570 --> 00:05:36.540 бо фарзандони онҳо сӯҳбат мекунем. 00:05:36.565 --> 00:05:39.955 Мо сӯҳбатҳои онҳо бо ҳамсаронашон дар бораи амиқтарин нигарониҳояшонро 00:05:39.955 --> 00:05:41.545 дар шакли видео сабт мекунем. 00:05:41.705 --> 00:05:45.315 Вақте даҳ сол пеш мо саранҷом аз ҳамсарони онҳо пурсидем, ки 00:05:45.329 --> 00:05:47.969 оё майли ширкат дар таҳқиқи мо ба унвони узвро доранд, 00:05:47.973 --> 00:05:50.873 бисёре аз онҳо гуфтанд, ки “ Медонед, кайҳо вақташ расидааст” 00:05:50.873 --> 00:05:51.744 (Хандаи ҳозирон) 00:05:51.744 --> 00:05:53.054 Хуб, мо чӣ омӯхтем? 00:05:53.180 --> 00:05:57.180 Дарсҳое, ки аз даҳҳо ҳазор саҳифа иттилоот, 00:05:57.370 --> 00:06:02.350 ки мо дар бораи зиндагии онҳо ҷамъ кардем, чист? 00:06:03.759 --> 00:06:07.759 Медонед, ин дарсҳо на дар бораи сарвату шӯҳрат ва на дар бораи сахткӯшӣ аст. 00:06:10.521 --> 00:06:14.521 Паёми рӯшане, ки аз ин таҳқиқи 75-сола гирифтем, ин аст: 00:06:16.928 --> 00:06:21.558 Муносибатҳои хуб моро шодтару солимтар нигаҳ медорад. Тамом. 00:06:23.200 --> 00:06:26.530 Мо дар бораи муносибатҳо се дарси бузург омӯхтем. 00:06:27.202 --> 00:06:30.822 Якум инки робитаҳои иҷтимоӣ барои мо воқеан хуб ҳастанд 00:06:30.903 --> 00:06:33.293 ва танҳоӣ кушанда аст. 00:06:33.709 --> 00:06:36.539 Маълум мешавад мардуме ки бо хонавода, 00:06:36.545 --> 00:06:39.765 дӯстон ва ҷомеъа муносибатҳои иҷтимоии бештар доранд, 00:06:40.199 --> 00:06:43.809 шодтару солимтар ҳастанд ва назар ба афроде, 00:06:44.450 --> 00:06:47.920 ки бо дигарон муносибати камтар доранд, умри тӯлонитаре мебинанд. 00:06:48.466 --> 00:06:51.566 Маълум мешавад ки ранҷи танҳоӣ заҳрогин аст. 00:06:51.706 --> 00:06:55.706 Афроде, ки аз дигарон бештар аз ҳадде, ки дилашон мехост, гӯшагирӣ кардаанд, 00:06:57.191 --> 00:06:59.811 худро кам шод ҳис мекунанд, 00:07:00.206 --> 00:07:02.816 вазъи саломатиашон зудтар бад мешавад, 00:07:03.196 --> 00:07:05.756 фаъолияти мағзи сарашон зудтар қатъ мешавад 00:07:05.916 --> 00:07:09.290 ва ҳаёти онҳо кӯтоҳтар аз ҳаёти афродест, ки танҳо нестанд. 00:07:10.200 --> 00:07:13.510 Ва як воқеияти ҳузнангез ин аст, ки ҳарвақт ки напурсед, 00:07:13.926 --> 00:07:17.926 ҳадди ақал аз ҳар панҷ омрикоӣ як нафар мегӯяд, ки танҳо аст. 00:07:18.904 --> 00:07:22.183 Ва мо медонем, ки шумо ҳатто дар миёни издиҳом метавонед танҳо бошед 00:07:22.183 --> 00:07:24.943 ва ҳатто ҳангоми оиладор будан ҳам метавонед танҳо бошед. 00:07:24.960 --> 00:07:27.750 Бинобар ин дуюмин дарси бузурге, ки мо омӯхтем ин аст, ки 00:07:27.750 --> 00:07:29.310 шумори дӯстонатон муҳим нест 00:07:29.697 --> 00:07:32.957 ҳамонгуна, ки муҳим нест шумо дар як муносибати зич ҳастед ё на, 00:07:33.212 --> 00:07:37.772 балки сифати муносибатҳои наздикатон муҳим аст. 00:07:38.702 --> 00:07:42.702 Чунин аст, ки зиндагӣ дар як фазои ҷанҷолӣ барои саломатии мо зарарнок аст. 00:07:43.366 --> 00:07:47.006 Заношӯии ҷанҷолии аз ҳад зиёд,барои мисол, заношӯии бидуни дилбастагӣ, 00:07:47.461 --> 00:07:52.561 маълум мешавад, ки барои саломатии мо бисёр бад аст, шояд бадтар аз талоқ аст. 00:07:53.210 --> 00:07:57.210 Ва зиндагӣ дар фазои хуб ва муносибатҳои гарм, ҳимояткунанда [-и саломатӣ] аст. 00:07:57.908 --> 00:08:01.358 Боре мардҳо [-и иштироккунанда]-ро, ки дар 80-солагиашон муоина кардем, 00:08:01.365 --> 00:08:03.325 мехостем ба миёнсолии онҳо назар андозем 00:08:03.896 --> 00:08:05.816 ва бубинем оё метавонем пешгӯӣ кунем, ки 00:08:05.819 --> 00:08:09.289 кӣ дар синни ҳаштодсолагӣ хушбахт ва солим хоҳад буд ва кӣ нахоҳад буд, 00:08:09.580 --> 00:08:10.800 ва кӣ нахоҳад буд. 00:08:11.895 --> 00:08:15.555 Ва вақте мо ҳамаи маълумотро дар бораи онҳо дар синни 50 солагӣ ҷамъ кардем, 00:08:15.701 --> 00:08:20.301 донистем, ки ин дараҷаи холестерини онҳо дар миёнсолӣ набуд, 00:08:20.309 --> 00:08:23.319 ки тариқи пиронсол шудани онҳоро пешгӯӣ мекард, 00:08:23.453 --> 00:08:26.783 балки ин чигунагии ризояти онҳо аз муносибатҳояшон буд. 00:08:26.901 --> 00:08:30.901 Афроде, ки аз муносибатҳои хеш дар 50 солагӣ ризоят доштанд, 00:08:31.903 --> 00:08:34.783 дар 80 солагӣ солимтар шудаанд. 00:08:35.699 --> 00:08:39.171 Ба назар мерасад муносибатҳои хубу наздик мисли садде ҳастанд, 00:08:39.171 --> 00:08:42.101 ки моро аз сангҳои фалохун ва тирҳои пиршавӣ ҳифозат мекунанд 00:08:42.465 --> 00:08:46.465 Шодтарин ҷуфти марду зан аз иштироккунандагони таҳқиқи мо, 00:08:46.468 --> 00:08:48.308 дар 80 солагиашон гуфтанд, 00:08:48.453 --> 00:08:51.013 ки ҳатто рӯзҳое, ки дарди ҷисмонии бештаре доштанд, 00:08:51.451 --> 00:08:54.081 ҳолати рӯҳияшон ҳамонгуна хуш истодааст. 00:08:54.454 --> 00:08:57.294 Аммо афроде, ки дар муносибатҳои нохуш буданд, 00:08:57.684 --> 00:09:00.784 рӯзҳое, ки хабар доданд дарди ҷисмонии бештар доштанд, 00:09:00.788 --> 00:09:03.818 аз дарди отифӣ низ бештар ранҷ бурдаанд. 00:09:04.459 --> 00:09:08.459 Ва сеюмин дарси бузурге, ки мо дар бораи муносибатҳо ва саломатиамон гирифтем, 00:09:08.900 --> 00:09:12.020 ин аст, ки муносибатҳои хуб на танҳо ҷисми моро, 00:09:12.043 --> 00:09:14.123 балки мағзҳои моро низ муҳофизат мекунанд. 00:09:14.458 --> 00:09:18.548 Ба назар мерасад, ки доштани муносиботи зичу мӯҳкам 00:09:18.913 --> 00:09:22.913 бо дигаре дар 80 солагӣ муҳофизаткунанда аст 00:09:23.095 --> 00:09:25.285 ва афроде, ки муносиботи хуб доранд 00:09:25.285 --> 00:09:29.285 ва метавонанд дар вақтҳои ниёз ба якдигар такя кунанд, 00:09:29.430 --> 00:09:32.280 ҳофизаашон тӯлонитар қавӣ мемонад. 00:09:32.882 --> 00:09:34.792 Ва афроде, ки дар муносиботашон 00:09:34.792 --> 00:09:37.352 ҳис мекунанд, ки наметавонанд ба якдигар такя кунанд, 00:09:37.693 --> 00:09:41.693 онҳо афроде ҳастанд, ки ҳофизаашонро зудтар аз даст медиҳанд. 00:09:42.453 --> 00:09:45.813 Ва он муносибатҳои хуб набояд ҳамеша ором бошанд. 00:09:45.915 --> 00:09:48.545 Баъзе аз ҷуфтҳои ҳаштодсолаи [таҳқиқи] мо 00:09:48.545 --> 00:09:50.815 бо ҳам рӯз аз рӯз ҷанҷол мекарданд , 00:09:50.896 --> 00:09:54.296 аммо то замоне, ки онҳо ҳис мекарданд воқеан метавонанд 00:09:54.296 --> 00:09:57.056 вақте вазъият мушкил мешавад, ба якдигар такя кунанд, 00:09:57.060 --> 00:09:59.810 он ҷанҷолҳо дар хотираашон таъсири манфӣ надоштаанд. 00:10:01.714 --> 00:10:04.084 Хуб, ин паём, 00:10:04.450 --> 00:10:08.450 ки муносибатҳои хубу зич барои саломатӣ ва беҳбудии мо хуб ҳастанд, 00:10:09.963 --> 00:10:12.563 ҳикматест, ки бисёр қадимист. 00:10:12.926 --> 00:10:16.456 Чаро ин чунин душвор барои фаҳмидан ва чунин осон барои напазируфтан аст? 00:10:17.596 --> 00:10:19.186 Хуб, чунки мо инсон ҳастем. 00:10:19.214 --> 00:10:22.064 Чизе, ки мо воқеан дӯст медорем, ҳалли сареъи масъала аст, 00:10:22.064 --> 00:10:26.064 чизеро метавонем бипазирем, ки зиндагии моро хуш кунаду чунин нигоҳ дорад. 00:10:27.265 --> 00:10:30.275 Муносибот чизи мураккабу печида аст, 00:10:30.460 --> 00:10:34.040 кори сахтест барои парастории хонаводаву дӯстон. 00:10:34.450 --> 00:10:36.730 Ин кори ҷолибу пурҷило нест. 00:10:37.202 --> 00:10:40.022 Ин ҳамчунин якумрӣ аст. Ин поён надорад. 00:10:40.456 --> 00:10:45.506 Дар таҳқиқи 75солаи мо, касоне дар бознишастагӣ шодтарин буданд, 00:10:45.721 --> 00:10:50.811 ки барои табдил додани ҳамкоронашон ба ёрони бозиашон фаъолона кор кардаанд. 00:10:51.468 --> 00:10:54.038 Дақиқан мисли насли ҳозир дар он назарсанҷии охир, 00:10:54.437 --> 00:10:57.777 бисёре аз афроди [таҳқиқи] мо вақте онҳо навҷавон буданд, 00:10:58.189 --> 00:11:02.119 воқеан бовар доштанд, ки шӯҳрату сарват ва дастовардҳои баланд 00:11:02.125 --> 00:11:05.545 чизҳое буданд, ки онҳо барои доштани як зиндагии хуб ниёз доранд. 00:11:06.189 --> 00:11:10.189 Аммо борҳо ва борҳо ва борҳо дар тӯли ин 75 сол таҳқиқи мо нишон дод, 00:11:10.453 --> 00:11:13.523 афроде, ки вазъияти беҳтаре доштанд, онҳое буданд, 00:11:13.711 --> 00:11:18.751 ки муносиботи хубе бо хонавода, бо дӯстон ва бо ҷомеъа доштанд. 00:11:21.102 --> 00:11:22.882 Хуб, шумо чӣ фикр мекунед? 00:11:23.028 --> 00:11:26.788 Биёед фарз мекунем, ки шумо 25-сола ё 40-сола ва ё 60-сола ҳастед. 00:11:27.908 --> 00:11:30.888 Сармоя гузоштан ба муносибатҳо яъне чӣ? 00:11:31.941 --> 00:11:35.311 Хӯш, имкониятҳо амалан беохир ҳастанд. 00:11:35.926 --> 00:11:39.556 Ин метавонад содда бошад мисли иваз намудани вақти пушти экрану монитор 00:11:39.558 --> 00:11:41.578 ба гузаронидани вақт бо одамон, 00:11:41.678 --> 00:11:45.678 ё фаъол намудани як муносибати қадимӣ бо анҷом додани ягон кори дунафара, 00:11:46.190 --> 00:11:48.680 гашту гузори тӯлонӣ ё мулоқоти шабона, 00:11:49.457 --> 00:11:53.457 ё тамоси телефонӣ бо аъзое аз хонавода, ки солҳо бо ӯ сӯҳбат накарда будед, 00:11:54.211 --> 00:11:57.291 зеро он ҳама нороҳатиҳои роиҷи хонаводагӣ 00:11:57.731 --> 00:11:59.571 паёмади ваҳшатноке доранд 00:11:59.880 --> 00:12:02.770 барои касоне, ки кинагир ҳастанд. 00:12:04.228 --> 00:12:08.228 Мехостам бо иқтибосе аз Марк Твен сӯҳбатро хотима диҳам. 00:12:09.446 --> 00:12:11.566 Бештар аз як аср пеш, 00:12:11.940 --> 00:12:14.020 ӯ бо мурури назар ба зиндагии худ 00:12:14.438 --> 00:12:15.828 чунин навишта буд: 00:12:16.941 --> 00:12:19.921 “Вақт нест, зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст 00:12:20.466 --> 00:12:25.296 барои баҳсҳо, узрхохиҳо, дил шикастанҳо, даъват ба ҳисобу китоб. 00:12:26.908 --> 00:12:29.288 Фақат барои дӯст доштан вақт ҳаст 00:12:29.457 --> 00:12:33.457 ва он ҳам як лаҳза аст, барои гуфтани он." 00:12:34.704 --> 00:12:38.704 Зиндагии хуб бо муносибатҳои хуб сохта мешавад. 00:12:39.193 --> 00:12:43.193 Ташаккур!