Чӣ чизе дар тӯли зиндагӣ моро солим ва шод
нигаҳ медорад ?
Агар шумо ҳозир барои ояндаи дурахшонатон
ба беҳтарин наҳв сармоягузорӣ мекардед,
дар куҷо вақту тавоноиятонро сарф
мекардед?
Дар ибтидои ин аср аз насли ҷавон
назарсанҷӣ шуд,
ки аз онҳо пурсидаанд,
муҳимтарин ҳадафҳои зиндагияшон чист?
ва 80 дарсади онҳо посух додаанд, ки
ки муҳимтарин ҳадафи зиндагиашон сарватманд шудан аст.
Ва 50 дарсад аз ин ҷавонҳо
ҳадафи муҳими дигари зиндагиашонро
машҳур шудан гуфтаанд.
(хандаи ҳозирон)
Ба мо ҳамвора гуфтаанд, ки шадидан кор кунед
бештар ба даст оваред.
Ба мо ин тасаввурро додаанд, ки
барои доштани як зиндагии хуб инҳо лозиманд.
Тасвири комили зиндагӣ, интихобҳое, ки
инсонҳо анҷом медиҳанд
ва натиҷае, ки ин интихобҳо
ба инсонҳо медиҳад
- ингуна тасвир барои мо ғайриимкон аст.
Бештар чизе, ки мо аз зиндагиии инсонҳо
медонем,
аз пурсиши онҳо дар бораи хотироти
гузаштаашон аст
ва чунонки медонем, нигоҳ ба гузашта
воқеияти сад дарсадиро ба даст намедиҳад.
Мо бисёр ҳодисаҳои дар зиндагӣ бо мо
рухдодаро фаромӯш мекунем
ва баъзе вақтҳо хотирот халлоқ мешаванд
[тағйир мекунанд].
Аммо чӣ мешуд агар мо метавонистем ҷараёни
ҳамаи зиндагии
инсонҳоро дар гузари замон бубинем?
Чӣ мешуд агар мо метавонистем инсонҳоро аз
даврони наврасиашон
то замони пириашон мутолиъа кунем
ва бубинем, ки чӣ дар воқеъ онҳоро солим
ва хушбахт нигоҳ медорад?
Мо ин корро кардем.
Таҳқиқи Ҳарвардро дар бораи инкишофи
бузургсолон
метавон тӯлонитарин таҳқиқи ҳаёти
бузургсолон номид.
Дар тӯли 75 сол мо зиндагии 724 мардро
таҳти назар қарор додем
сол аз сол дар бораи корашон, зиндагии
шахсиашон, саломатиашон пурсидем
ва албатта дар ин ҳангом намедонистем, ки
зиндагии онҳо
чигуна самту сӯе хоҳад гирифт.
Таҳқиқе монанди ин бисёр нодир аст.
Мутолиъоти шабеҳи ин дар тӯли як даҳа
аз байн рафтаанд.
Зеро бисёре аз иштироккунандагон таҳқиқро
раҳо кардаанд
ё буҷаи тарҳи таҳқиқ қатъ шудааст
ё муҳаққиқон ҷудо шудаанд
ё афрод мурдаанду ҳеҷ кас кори онҳоро
давом надодааст.
Аммо бо таркибе аз иттифоқоти хуш
ва исрори чанд насле аз муҳаққиқон,
ин тарҳ пойдор монд.
Тақрибан 60 нафар аз 724 иштирокчиёни
ибтидоии таҳқиқ
ҳанӯз бар ҳаёт ҳастанд,
то ҳол дар ин тарҳ иштирок мекунанд
ва бештари онҳо 90-солаанд.
Ва мо акнун бар рӯи бештар аз
2000 фарзандони онҳо таҳқиқ оғоз кардаем.
Ва ман чорумин мудири ин таҳқиқ ҳастам.
Аз соли 1937 мо зиндагии ду гурӯҳ мардҳоро
мутолиъа мекунем.
Дар оғози таҳқиқ, ширкаткунандагони гурӯҳи
якум
донишҷӯёни соли дуюми коллеҷи Гарвард
буданд.
Ҳамаи онҳо коллеҷро дар замони Ҷанги дуюми
ҷаҳонӣ хатм карданд
ва аксарашон ба ҷанг рафтанд.
Гурӯҳи дуюми мавриди таҳқиқи мо
як гурӯҳ бачаҳо аз манотиқи камбағалтарини
Бостон буданд,
ин бачаҳо барои таҳқиқ интихоб шуда буданд
махсусан ба далели инки онҳо узви
хонаводаҳои мушкилдор
ва камбизоати
Бостони солҳои 1930 буданд.
Бештари онҳо дар хонаҳои бисёрҳуҷрагии
иҷора, ки оби гарму сард надоштанд,
зиндагӣ мекарданд.
Замоне ки шомили таҳқиқ мешуданд ,
бо ҳамаи ин наврасон мусоҳиба гузаронда
шуд.
Онҳо аз озмоишҳои тиббӣ гузаштанд.
Мо ба хонаҳои онҳо рафтем ва
бо волидайнашон мусоҳиба кардем.
Баъдҳо ин наврасон калон шуданд
ва ба тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ
ворид гардиданд.
Онҳо коргари корхона, ҳуқуқшинос,
устои гилкор, табиб шуданд
ва як нафарашон Президенти ИМА шуд.
Кадоме аз онҳо майзада шуд. Баъзеҳояшон
мубтало ба маҷзубият [шизофрения] шуданд.
Баъзеҳояшон аз нардбони иҷтимоӣ
аз поён то ба боло рафтанд
ва баъзеи дигар ин ҳаракатро ба самти
муқобил анҷом доданд.
Асосгузорони ин таҳқиқ
ҳатто дар орзуҳои ниҳонияшон ҳам тасаввур
карда наметавонистанд,
ки ман имрӯз инҷо истода, баъд аз 75 сол
ба шумо мегӯям таҳқиқ ҳанӯз идома дорад.
Ҳар ду сол, ҳамкорони сабуру ҷоннисори мо
ба иштироккунандагони таҳқиқ занг зада,
мепурсанд, ки оё метавонанд
пурсишҳои бештареро дар бораи зиндагиашон
ба онҳо бифиристанд?
Бисёре аз истиқоматкунандагон дар маркази
Бостон аз мо мепурсанд:
“ Чаро шумо ба таҳқиқи ман идома медиҳед?
Дар зиндагии ман ҳеҷ чизи ҷолиб нест”.
Хатмкунандаи Ҳарвард ҳаргиз чунин савол
намедиҳад.
(Хандаи ҳозирон)
Ба хотири ба даст овардани
тасвири рӯшантаре аз зиндагиашон
мо ба онҳо фақат пурсишнома намефиристем.
Мо дар хонаҳои онҳо сӯҳбат мекунем.
Мо собиқаи тиббии онҳоро
аз табибонашон мегирем.
Мо аз онҳо хун мегирем, мағзашонро муоина
мекунем,
бо фарзандони онҳо сӯҳбат мекунем.
Мо сӯҳбатҳои онҳо бо ҳамсаронашон
дар бораи амиқтарин нигарониҳояшонро
дар шакли видео сабт мекунем.
Вақте даҳ сол пеш мо саранҷом аз ҳамсарони
онҳо пурсидем, ки
оё майли ширкат дар таҳқиқи мо ба унвони
узвро доранд,
бисёре аз онҳо гуфтанд, ки
“ Медонед, кайҳо вақташ расидааст”
(Хандаи ҳозирон)
Хуб, мо чӣ омӯхтем?
Дарсҳое, ки аз даҳҳо ҳазор саҳифа
иттилоот,
ки мо дар бораи зиндагии онҳо ҷамъ кардем,
чист?
Медонед, ин дарсҳо на дар бораи сарвату
шӯҳрат ва на дар бораи сахткӯшӣ аст.
Паёми рӯшане, ки аз ин таҳқиқи 75-сола
гирифтем, ин аст:
Муносибатҳои хуб моро шодтару
солимтар нигаҳ медорад. Тамом.
Мо дар бораи муносибатҳо
се дарси бузург омӯхтем.
Якум инки робитаҳои иҷтимоӣ барои мо
воқеан хуб ҳастанд
ва танҳоӣ кушанда аст.
Маълум мешавад мардуме ки бо хонавода,
дӯстон ва ҷомеъа муносибатҳои иҷтимоии
бештар доранд,
шодтару солимтар ҳастанд ва
назар ба афроде,
ки бо дигарон муносибати камтар доранд,
умри тӯлонитаре мебинанд.
Маълум мешавад ки ранҷи танҳоӣ заҳрогин
аст.
Афроде, ки аз дигарон бештар аз ҳадде, ки
дилашон мехост, гӯшагирӣ кардаанд,
худро кам шод ҳис мекунанд,
вазъи саломатиашон зудтар бад мешавад,
фаъолияти мағзи сарашон зудтар қатъ
мешавад
ва ҳаёти онҳо кӯтоҳтар аз ҳаёти афродест,
ки танҳо нестанд.
Ва як воқеияти ҳузнангез ин аст, ки
ҳарвақт ки напурсед,
ҳадди ақал аз ҳар панҷ омрикоӣ як нафар
мегӯяд, ки танҳо аст.
Ва мо медонем, ки шумо ҳатто
дар миёни издиҳом метавонед танҳо бошед
ва ҳатто ҳангоми оиладор будан ҳам
метавонед танҳо бошед.
Бинобар ин дуюмин дарси бузурге, ки мо
омӯхтем ин аст, ки
шумори дӯстонатон муҳим нест
ҳамонгуна, ки муҳим нест шумо дар
як муносибати зич ҳастед ё на,
балки сифати муносибатҳои наздикатон муҳим
аст.
Чунин аст, ки зиндагӣ дар як фазои
ҷанҷолӣ барои саломатии мо зарарнок аст.
Заношӯии ҷанҷолии аз ҳад зиёд,барои мисол,
заношӯии бидуни дилбастагӣ,
маълум мешавад, ки барои саломатии мо
бисёр бад аст, шояд бадтар аз талоқ аст.
Ва зиндагӣ дар фазои хуб ва муносибатҳои
гарм, ҳимояткунанда [-и саломатӣ] аст.
Боре мардҳо [-и иштироккунанда]-ро, ки
дар 80-солагиашон муоина кардем,
мехостем ба миёнсолии онҳо назар андозем
ва бубинем оё метавонем пешгӯӣ кунем, ки
кӣ дар синни ҳаштодсолагӣ хушбахт ва
солим хоҳад буд ва кӣ нахоҳад буд,
ва кӣ нахоҳад буд.
Ва вақте мо ҳамаи маълумотро дар бораи
онҳо дар синни 50 солагӣ ҷамъ кардем,
донистем, ки ин дараҷаи холестерини онҳо
дар миёнсолӣ набуд,
ки тариқи пиронсол шудани онҳоро пешгӯӣ
мекард,
балки ин чигунагии ризояти онҳо
аз муносибатҳояшон буд.
Афроде, ки аз муносибатҳои хеш
дар 50 солагӣ ризоят доштанд,
дар 80 солагӣ солимтар шудаанд.
Ба назар мерасад муносибатҳои хубу наздик
мисли садде ҳастанд,
ки моро аз сангҳои фалохун ва тирҳои
пиршавӣ ҳифозат мекунанд
Шодтарин ҷуфти марду зан
аз иштироккунандагони таҳқиқи мо,
дар 80 солагиашон гуфтанд,
ки ҳатто рӯзҳое, ки дарди ҷисмонии
бештаре доштанд,
ҳолати рӯҳияшон ҳамонгуна хуш истодааст.
Аммо афроде, ки дар муносибатҳои нохуш
буданд,
рӯзҳое, ки хабар доданд дарди
ҷисмонии бештар доштанд,
аз дарди отифӣ низ бештар ранҷ бурдаанд.
Ва сеюмин дарси бузурге, ки мо дар бораи
муносибатҳо ва саломатиамон гирифтем,
ин аст, ки муносибатҳои хуб на танҳо
ҷисми моро,
балки мағзҳои моро низ муҳофизат
мекунанд.
Ба назар мерасад, ки доштани муносиботи
зичу мӯҳкам
бо дигаре дар 80 солагӣ муҳофизаткунанда
аст
ва афроде, ки муносиботи хуб доранд
ва метавонанд дар вақтҳои ниёз
ба якдигар такя кунанд,
ҳофизаашон тӯлонитар қавӣ мемонад.
Ва афроде, ки дар муносиботашон
ҳис мекунанд, ки наметавонанд
ба якдигар такя кунанд,
онҳо афроде ҳастанд, ки ҳофизаашонро
зудтар аз даст медиҳанд.
Ва он муносибатҳои хуб набояд ҳамеша ором
бошанд.
Баъзе аз ҷуфтҳои ҳаштодсолаи [таҳқиқи] мо
бо ҳам рӯз аз рӯз ҷанҷол мекарданд ,
аммо то замоне, ки онҳо ҳис мекарданд
воқеан метавонанд
вақте вазъият мушкил мешавад,
ба якдигар такя кунанд,
он ҷанҷолҳо дар хотираашон таъсири
манфӣ надоштаанд.
Хуб, ин паём,
ки муносибатҳои хубу зич барои саломатӣ
ва беҳбудии мо хуб ҳастанд,
ҳикматест, ки бисёр қадимист.
Чаро ин чунин душвор барои фаҳмидан
ва чунин осон барои напазируфтан аст?
Хуб, чунки мо инсон ҳастем.
Чизе, ки мо воқеан дӯст медорем,
ҳалли сареъи масъала аст,
чизеро метавонем бипазирем, ки зиндагии
моро хуш кунаду чунин нигоҳ дорад.
Муносибот чизи мураккабу печида аст,
кори сахтест барои парастории
хонаводаву дӯстон.
Ин кори ҷолибу пурҷило нест.
Ин ҳамчунин якумрӣ аст. Ин поён надорад.
Дар таҳқиқи 75солаи мо, касоне
дар бознишастагӣ шодтарин буданд,
ки барои табдил додани ҳамкоронашон
ба ёрони бозиашон фаъолона кор кардаанд.
Дақиқан мисли насли ҳозир дар
он назарсанҷии охир,
бисёре аз афроди [таҳқиқи] мо вақте
онҳо навҷавон буданд,
воқеан бовар доштанд, ки шӯҳрату сарват
ва дастовардҳои баланд
чизҳое буданд, ки онҳо барои доштани
як зиндагии хуб ниёз доранд.
Аммо борҳо ва борҳо ва борҳо дар
тӯли ин 75 сол таҳқиқи мо нишон дод,
афроде, ки вазъияти беҳтаре доштанд, онҳое
буданд,
ки муносиботи хубе бо хонавода,
бо дӯстон ва бо ҷомеъа доштанд.
Хуб, шумо чӣ фикр мекунед?
Биёед фарз мекунем, ки шумо 25-сола ё
40-сола ва ё 60-сола ҳастед.
Сармоя гузоштан ба муносибатҳо яъне чӣ?
Хӯш, имкониятҳо амалан беохир ҳастанд.
Ин метавонад содда бошад мисли
иваз намудани вақти пушти экрану монитор
ба гузаронидани вақт бо одамон,
ё фаъол намудани як муносибати қадимӣ
бо анҷом додани ягон кори дунафара,
гашту гузори тӯлонӣ ё мулоқоти шабона,
ё тамоси телефонӣ бо аъзое аз хонавода,
ки солҳо бо ӯ сӯҳбат накарда будед,
зеро он ҳама нороҳатиҳои роиҷи хонаводагӣ
паёмади ваҳшатноке доранд
барои касоне, ки кинагир ҳастанд.
Мехостам бо иқтибосе аз Марк Твен
сӯҳбатро хотима диҳам.
Бештар аз як аср пеш,
ӯ бо мурури назар ба зиндагии худ
чунин навишта буд:
“Вақт нест, зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст
барои баҳсҳо, узрхохиҳо, дил шикастанҳо,
даъват ба ҳисобу китоб.
Фақат барои дӯст доштан вақт ҳаст
ва он ҳам як лаҳза аст, барои гуфтани он."
Зиндагии хуб бо муносибатҳои хуб сохта
мешавад.
Ташаккур!