Чӣ чизе дар тӯли зиндагӣ моро солим ва шод нигаҳ медорад ? Агар шумо ҳозир барои ояндаи дурахшонатон ба беҳтарин наҳв сармоягузорӣ мекардед, дар куҷо вақту тавоноиятонро сарф мекардед? Дар ибтидои ин аср аз насли ҷавон назарсанҷӣ шуд, ки аз онҳо пурсидаанд, муҳимтарин ҳадафҳои зиндагияшон чист ва 80 дарсади онҳо посух додаанд, ки ки муҳимтарин ҳадафи зиндагиашон сарватманд шудан аст. Ва 50 дарсад аз ин ҷавонҳо ҳадафи муҳими дигари зиндагиашонро машҳур шудан гуфтаанд. (хандаи ҳозирон) Ба мо ҳамвора гуфтаанд, ки шадидан кор кунед бештар ба даст оваред. Ба мо ин тасаввурро додаанд, ки барои доштани як зиндагии хуб инҳо лозиманд. Тасвири комили зиндагӣ, интихобҳое, ки инсонҳо анҷом медиҳанд ва натиҷае, ки ин интихобҳо ба инсонҳо медиҳад - ингуна тасвир барои мо ғайриимкон аст. Бештар чизе, ки мо аз зиндагиии инсонҳо медонем, аз пурсиши онҳо дар бораи хотироти гузаштаашон аст ва чунонки медонем, нигоҳ ба гузашта воқеияти сад дарсадиро ба даст намедиҳад. Мо бисёр ҳодисаҳои дар зиндагӣ бо мо рухдодаро фаромуш мекунем ва баъзе вақтҳо хотирот халлоқ мешаванд [тағйир мекунанд]. (Хандаи хозирон) Ва тахкикот нишон додааст, ки бо калонсолтар шудан,мо вокеан гузаштаро бештар мусбат ба хотир меорем. Навиштачоти як барчасби пушти мошин ба ёдам омад, ки мегуяд: "Барои кудакии хушбахтона доштан харгиз дер нест" (Хандаи хозирон) Аммо чӣ мешуд агар мо метавонистем ҳамаи зиндагиро дар гузари замон бубиннем? Чӣ мешуд агар мо метавонистем инсонҳоро аз даврони наврасиашон то замони пириашон мушоҳида мекардем ва медидем, ки чӣ дар воқеъ онҳоро солим ва хушбахт нигоҳ медорад? Мо ин корро кардем.