Эй, салом, номи ман Чарита Картер. Ман таҳиякунандаи эҷодкори калон дар Уолт Дисней Имеҷиниеринг мебошам. Ман барои роҳбарӣ кардани гурӯҳи корие, ки дар ҳақиқат ҷозибаҳоро барои меҳмонони мо эҷод мекунад, ҷавобгар ҳастам Мо ҳамеша барои беҳтар кардани таҷрибаи меҳмонони мо роҳҳои навро ҷустуҷӯ мекунем ва технологияҳоеро, ки дили ҳамаи ҷозибаҳои мо мебошанд, такмил медиҳем. Табрик, шумо тавонистед! Шумо барои дройди BB-8 барномаро навиштед. Акнун, умедворам, ки мо барои эҷод кардани чизе мушкилтар омода ҳастем. Биёед корро сар кунем! Зеро ки шумо аллакай асосҳои барномарезиро омӯхтед, ҳоло мо бозии нави моро бо қаҳрамонони R2-D2 ва C3PO месозем. Барои сохтани бозӣ, мо бояд малакаҳоеро, ки барномасозони бозиҳо ҳар рӯз истифода мебаранд омӯзем. Мо бояд рӯйдодҳоро омӯзем. Рӯйдодҳо ба барномаи шумо маълумотеро таъмин менамоянд, то ки он амалҳоеро дар вақти лозимӣ иҷро кунад. Барои мисол, баъзе рӯйдодҳо зеркунии тугмаи муш, тугмаи тирдор ё зарбазании экранро интизор мешаванд. Дар ин маврид мо барномаеро менависем, то ки R2-D2 ба боло ҳаракат карда, паёмеро ба лётчики ошӯбгар расонад ва баъд ба поён ҳаракат карда бо лётчики дигар вохӯрад. Мо барои ҳар як ҳаракат аз рӯйдодҳо истифода мебарем. Вақте ки бозингар тугмаҳо ё тугмаҳои тирдори боло/поёнро истифода мебарад, мо бояд блоки рӯйдоди болоро интихоб кунем ва длоки ҳаракати болоро ба он часпонем. Вақте ки